Нархи ҳаҷ-2022 барои зоирини тоҷик муайян шуд: шарҳи Кумитаи дин

© Sputnik / Амир ИсаевРодственники провожают паломников в хадж
Родственники провожают паломников в хадж - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон аз боло рафтани қимати сафари ҳаҷ дар соли равон иттилоъ дод ва сабабашро гуфт
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Арзиши хидматрасониҳо барои мавсими ҳаҷ-2022 тақрибан 30% гарон шуда, тибқи ҳисоби пешакӣ, ҳудуди 4800-4900 долларро ташкил медиҳад.
Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфти Афшини Муқим, қарордодҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои хидматрасони ҷониби Арабистони Саудӣ бо асъори хориҷӣ (доллари ИМА) баста мешавад ва аз ин хотир аксари кишварҳо арзиши хидматрасониҳоро бо доллари ИМА муайян мекунанд.
Ӯ Ҷумҳурии Қирғизистонро мисол овард, ки расман нархи имсолаи ҳаҷ дар он кишвар беш аз 4500 доллар муайян гардидааст. Дар ҳоле ки арзиши хидматрасониҳо дар ин кишвари ҳамсояи мо дар мавсимҳои гузашта нисбатан арзонтар буд.
Дар ин росто, ба гуфти намояндаи расмии Кумитаи дини Тоҷикистон, барои зоирини тоҷик низ нархи ҳаҷ боло рафтааст, дар ҳоле ки дар гузашта нархи ҳаҷ 3700 доллар буд.
"Тибқи ҳисоби пешакӣ эҳтимолан арзиши хизматрасониҳои мавсими имсолаи ҳаҷ дар кишвари мо низ ҳудуди 4800-4900 долларро ташкил диҳад", - гуфт Афшини Муқим.
Маблағи мазкур асосан барои билети ҳавопаймо (рафту баргашт), меҳмонхонаҳо дар Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара, се вақт таъмини хӯрок, қурбонӣ хизматрасонӣ дар машоир – Мино, Арафот ва Муздалифа, нақлиёт аз Ҷидда ба Макка ва аз Макка ба Мадина ё баръакс, боҷи давлатӣ, хидматрасонии роҳбаладон ва аъзои гурӯҳи корӣ, хизматрасонии тиббӣ ва харидории доруворӣ, суғурта ва дигар хизматрасонии ҷорӣ харҷ мешавад.
Паломники в Мекке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2022
Арабистон барои 3,5 ҳазор зоири тоҷик иҷозаи Ҳаҷ карданро дод
Ба гуфти Афшини Муқим, гарон шудани нарх асосан ба маҷмуи хидматрасониҳое, ки кишвари мизбон дар мавзеи Мино, Арафот ва Муздалифа бо дарназардошти тадбирҳои беҳдоштӣ пешниҳод мекунад, бастагӣ дорад.
"Агар масалан дар соли 2019 барои хизматрасонӣ дар машоири Минову Арафот барои ҳар як зоир ҳудуди 236 доллари ИМА пардохт шуда бошад, имсол бинобар ба эътибор гирифтани тадбирҳои ҷиддии беҳдоштӣ, кишвари мизбон арзиши хидматрасониҳо дар Минову Арафотро бештар аз 1400 доллар муайян намудааст", - шарҳ дод намояндаи Кумитаи дин.
Кумитаи дин гуфт, киҳо дар Тоҷикистон тайи аввалин иқдом ба ҳаҷ мераванд
Тибқи нақша сафарбарнамоии зоирони тоҷик дар нимаи дуюми моҳи июн оғоз мегардад.
Лентаи хабарҳо
0