Чаро тоҷикон Русияро интихоб мекунанд? Шарҳи сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон

© Sputnik / Александр Вильф / Гузаштан ба хазинаи аксПроверка документов сотрудниками ФМС
Проверка документов сотрудниками ФМС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар ҳоле ки феълан беш аз 90%-и муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба Русия мераванд, мақомоти тоҷик муҳим медонанд, ки ин равандро гуногунсамт созанд
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Чор далели асосӣ мавҷуд аст, ки тоҷикистониён барои муҳоҷирати меҳнатӣ бештар Русияро интихоб мекунанд, иттилоъ дод Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ.
Каримзода дар суҳбат бо нашрияи "Садои мардум" гуфт, яке аз сабабҳо гузаштаи муштарак доштани кишварҳо мебошад.
"Сабаби интихоби ин кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ пайванди таърихӣ доштани кишварҳо, донистани забон, фарҳанг, расму оин ва сатҳи талаботи бозори меҳнати ин кишвар мебошад", - афзуд ӯ.
Ӯ таъкид намуд, ки новобаста ба ин, дар раванди ҷаҳонишавии иқтисодиёт гуногунсамтсозии муҳоҷират яке аз ҳадафҳои афзалиятнок дар соҳаи танзими равандҳои муҳоҷират боқӣ мемонад.
Каримзода аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират бо кишварҳои арабӣ, Туркия, Корея ва дигар давлатҳо зикр намуд.
"Кишварҳое, ки бо депопулятсия ва пиршавии аҳолӣ мувоҷеҳанд, аз паи рушди ҳамкорӣ бо кишварҳое мебошанд, ки қувваи кории ҷавон доранд. Аз ҷониби дигар, барои мо имконест, то муҳоҷиратро гуногунсамт созем", - изҳор дошт ӯ.
Акция На работу на велосипеде  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2022
Чаро муҳоҷирони корӣ наҷоти Русия ва Тоҷикистонанд?
Ин дар ҳолест, ки тибқи пурсиши Хадамоти муҳоҷират, ки ба гуфтаи Каримзода ҳар семоҳа гузаронда мешавад, соли 2021-ум беш аз 592 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар қарор доштанд.

Аз шумораи умумии онҳо 94 дарсад дар Русия, 2,1% дар Қазоқистон, 0,6% дар Украина, 2% дар дигар кишварҳои ИДМ ва 1% дар кишварҳои хориҷи дур фаъолияти муваққатии меҳнатӣ доранд, афзуд ӯ.
Лентаи хабарҳо
0