Парвоз аз Петербург самти Душанбе ба таъхир афтод

© Sputnik / Александр Полегенько / Гузариш ба медиабонк Самолет авиакомпании "Уральские авиалинии"
 Самолет авиакомпании Уральские авиалинии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Обуна шудан
Парвози ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" аз шаҳри Санкт-Петербург ба Душанбе ба муддати номуайян ба таъхир афтод
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар фурудгоҳи Пулковои Санкт-Петербург парвози ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" ба Тоҷикистон ба таъхир афтод.
Тибқи ҷадвали онлайнии фурудгоҳ, парвози U6 2879 ба самти Душанбе, ки соати 15:00 ба вақти Маскав пешбинӣ шудааст, ба таъхир афтодааст.
Дар бораи замони тахминии парвози ҳавопаймо ба пойтахти Тоҷикистон то ҳол хабар мунташир нашудааст.
Дар ҳамин ҳол соати 02:00 ҳавопаймоии ширкати тоҷикистонии "Сомон Эйр" тавонист ба Душанбе парвоз кунад.
Самолет компании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
"Росавиатсия" шарҳ дод, ки чаро Тоҷикистон ба фуруди ҳавопаймояш иҷозат надод
Илова бар ин парвозҳо ба шаҳрҳои Анталия, Истамбул, Ӯш, Нурсултон ба таъхир афтода, чанд парвози дигар самти Симферопол ва Ростов лаби Дон бинобар манъи парвозҳо ба манотиқи ҷанубии кишвар лағв шудаанд.
Субҳи 23 май мусофирони ду парвоз аз Пулково низ маҷбур буданд, мунтазири парвоз шаванд. Парвози ҳавопаймо самти Сочи тақрибан чор соат ба таъхир афтод.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш ҳавопаймои ин ширкат, ки самти шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон парвоз мекард, дар фазои вилояти Перм аз роҳаш баргашт.
Баъдан ширкати ҳавонавардии Русия иллати анҷом наёфтани парвоз аз Маскав ба Кӯлобро тавзеҳ дод.
Тибқи изҳороти ин ширкат, парвози ҳавопаймои самти Маскав - Кӯлоб ба далели фаннӣ танзим шудааст.
Лентаи хабарҳо
0