Вакил: Захираи энергияи сабзи Тоҷикистон аз талаботи тамоми ОМ як баробар зиёд аст

© Sputnik / Амир ИсаевНурекское водохранилище в Таджикистане
Нурекское водохранилище в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар сурати истифодаи захираҳои обу энержии Тоҷикистон кишвар метавонад аз талаботи тамоми Осиёи Марказӣ бамаротиб зиёд нерӯ тавлид кунад
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон зиёда аз 527 млрд квт/соатро ташкил медиҳад, ки аз талаботи солонаи давлатҳои Осиёи Марказӣ як баробар зиёд мебошад.
Ин нуктаро Рустам Латифзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин зимни соати парлумонӣ баён доштааст. Ба иттилои нашрияи парлумонии "Садои мардум", дар ин ҷаласа, ки идораи захираи оби ҳавзаи дарёи Панҷ баррасӣ мешуд, Латифзода Тоҷикистонро "хонаи об"-и Осиёи Марказӣ хонд.
Ӯ зикр намуд, ки пажуҳиши захираҳои оби Тоҷикистон ҳанӯз соли 1869 оғоз гардида, феълан теъдоди дидбонгоҳҳо ва стансияҳои ҳавошиносӣ 150 адад мебошад.
Флаг ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Ноиби дабири СММ ҳамраиси ҳамоиш дар Душанбе мешавад
"Шабакаи гидрографии Тоҷикистон 25 ҳазор дарёи хурду бузургро бо дарозии 70 ҳазор километр ташкил медиҳад. Аз ин 947 дарё дарозиашон аз 10 то 100 км, 16 дарё бо дарозии аз 100 то 500 ва 4 дарё аз 500 км дароз мебошад", - изҳор доштаст вакил. .
Ӯ хусусияти асосии фарқкунандаи дарёҳои Тоҷикистонро дар серобияшон гуфтааст, ки асосан ба баҳор рост омада, ҳудуди 70 - 90%-и ҳаҷми об дар ҳамин мавсим ҷорӣ мегардад.
Вакили Маҷлиси намояндагон илова намудааст, ки дар ҷумҳурӣ 1300 кӯли хурду бузург ҷойгир аст, ки машҳуртарини онҳо Сарез, Қаракӯл, Искандаркӯл ва ғайра мебошанд.
Зикр гардидааст, ки Тоҷикистон аз ташаббускорони аслии сатҳи ҷаҳонӣ дар масъалаи об мебошад. Қаблан СММ пешниҳоди Тоҷикистон дар мавриди эълони даҳсолаи "Об барои рушди устувор"-ро қабул карда, ҳадафи онро истифодаи ҳамгироёнаи захираҳои об, аз ҷумла пешбарии ҳамкориҳо ва шарокат дар ҳама самтҳо арзёбӣ карда буд.
Лентаи хабарҳо
0