"Малка" мавқеи мустаҳками қувваҳои мусаллаҳи Украинаро шикаст дод: видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Департаменти низомии Русия видеои амалиёти ҷангии воҳидҳои артиллерияи қувваҳои мусаллаҳи Русия дар Украинаро нашр кард
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар як амалиёти вижаи низомӣ яке аз пуриқтидортарин тӯпҳои ҷаҳон - “Малка”-ро истифода мебаранд.
Дар видео Вазорати дифои Русия нишон медиҳад, ки чӣ гуна аз ин аслиҳа истифода бурда мешавад.
Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки артиллеристони Русия мавқеъҳои мустаҳками нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар ҷангал нобуд кардаанд.

"Тӯпчиён макони мавқеи душманро ошкор карда, зарба заданд. Ба ҚМУ бо истифода аз "Малка" дар масофаи то 40 километр зарба расонда шуд", - омадааст дар хабари вазорат.

2С7М Malka навъи муосири 2С7 Pion мебошад. Бартарияти он дар ин аст, ки метавонад силоҳҳои бетонӣ, кимиёвӣ ва ҳамчунин ҳастаиро истифода кунад.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ҳамлаи муқтадир аз баҳри Сиёҳ: мушакҳои Русия мавозеи ҚМУ-ро ҳадаф қарор доданд - видео
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, ҷинояткорони масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухан нест, таъкид кард президенти Русия.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Лентаи хабарҳо
0