Театри лӯхтак "Гули қоқӯ"-ро ба Русия мебарад

© Sputnik Амир ИсаевБинои театри "Лухтак" дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бинои театри Лухтак дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Қаблан Театри давлатии лӯхтак бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор дошт. Меҳмонии ҳунармандони тоҷик дар кишвари ҳамсоя 11 рӯз давом кард
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Театри давлатии лӯхтак дар Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак "Перекрёсток" иштирок мекунад.
Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, фестивали мазкур дар шаҳри Новосибирски Русия баргузор мегардад.

"31 май то 6 июни соли ҷорӣ Театри давлатии Лӯхтак дар Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак “Перекрёсток”, ки дар шаҳри Новосибирск баргузор мегардад, ширкат меварзад", - омадааст дар хабари вазорат.

Гуфта мешавад, театри мазкур намояишномаи Маҳинбону Гасанова “Гули қоқӯ”-ро ба Русия мебарад.
Кукольный театр Ташкента показывает спектакль в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2022
Сафари ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Ӯзбекистон
Қаблан ҳунармандони Театри давлатии лӯхтак бо сафари корӣ дар Ӯзбекистон қарор доштанд. Онҳо намоишномаи "Маликаи нозанин"-ро дар панҷ шаҳри бузурги Ӯзбекистон, аз ҷумлаи Фарғона, Қӯқанд, Марғелон, ноҳияшои Риштон ва Сӯх намоиш доданд.
Таъкид гардида буд, ки сафари ҳунармандони тоҷик бо даъвати Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон ва дастгирии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сурат гирифт.
Лентаи хабарҳо
0