Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳи оҳани Душанбе - Тошкандро барои мусофирбарӣ боз мекунанд

© Министерство транспорта в РТПоезд в Таджикистане, архивное фото
Поезд в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои равуои боз ҳам осонтари сокинони кишварҳо ба мусофирати рафтубаргашти шаҳрвандони ҳар ду ҷумҳурӣ аз тариқи қатора иҷозат медиҳанд
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Аз 20 июни соли равон қатораи мусофирбар дар масири Тошканд – Душанбе ба кор шуруъ мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуотии президенти Ӯзбекистон.
Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоташ бо Шавкат Мирзиёев дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ҷонибҳо ҳамзамон имкони азсаргирии иртиботот аз тариқи роҳи оҳан ба дигар шаҳрҳои бузургро баррасӣ мекунанд.

"Мо аҳд кардем, ки дар ояндаи наздик имконияти кушодани роҳи оҳан ба рӯйи мусофирони пойтахтҳо ва дигар шаҳрҳои мамлакатҳоямонро баррасӣ намоем", - афзуд раисҷумҳур.

Президенти Тоҷикистон бо зикри дастовардҳо дар умури мусофирбарӣ ва боркашонӣ гуфт, ки шаҳрвандони мо имкон доранд, ки ба кишварҳои ҳамдигар озодона сафар кунанд.
Поезд в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳи оҳани Душанбе - Тошкандро барои мусофирбарӣ боз мекунанд
"Тибқи маълумоти мо, ҳамарӯза ҳудуди 20 ҳазор нафар марзи Тоҷикистону Узбекистонро убур мекунанд. Ин рақами хеле муҳим аст. Низоми муомилоти озоди молу хидматрасонӣ таъмин карда шуд. Хаҷми боркашонии ҳавоӣ ва автомобилӣ хеле афзуд", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин раҳбарони кишварҳо дар бораи ташаккули долонҳои нави транзитӣ ва эҷоди инфрасохтори замонавии логистика, афзоиши ҳамлу нақли ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автобусҳо, ташкили кластерҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои замонавии истеҳсолӣ, ташкили коркарди меваю сабзавот ва якҷоя ворид шудан ба бозорҳои кишварҳои сеюм ба мувофиқа расиданд.
Лентаи хабарҳо
0