Даргузашти нависанда ва мутарҷими маъруфи русу тоҷик Людмила Басова

© Сергей Аверин / Гузаштан ба хазинаи аксАкция “Зажги свечу памяти". Архивное фото
Акция “Зажги свечу памяти. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тарҷумони адабиёти тоҷик ба забони русӣ, сармуҳаррири собиқи маҷаллаи ҳаҷвии шӯравии "Калтак" Людмила Басова даргузашт
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Дар Русия нависандаи маъруфи тоҷик Людмила Басова дар синни 82-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад бахши Иттифоқи нависандагони Федератсияи Русия дар вилояти Владимир.
Басова муаллифи зиёда аз дах сенарияи филмҳои ҳуҷҷатӣ буд, ки сетои онҳо барандаи озмунҳои умумииттифоқии филмҳои хуҷҷатӣ гардиданд.
Ғайр аз ин вай асарҳои бисёр насрнависони тоҷикро ба забони русӣ тарҷума кардааст.
Соли 1986 дар Маскав китоби "Зойка и Пакетик"-и ӯ ба табъ расид, қабл аз он дар Тоҷикистон чаҳор китоби дигари муаллиф ба нашр расидаанд.

Людмила Басова кис

Людмила Дмитриевна Басова 1 ноябри соли 1940 дар Душанбе таваллуд шуда, факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории Душанберо хатм кардааст.
Ӯ замони донишҷӯйӣ дар баробари таҳсил кор низ мекард ва нахуст мусаҳҳеҳ, баъд муҳаррир дар нашриёти китоби "Ирфон" кор кардааст.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
Меҳмон Бахтӣ дар Масҷиди марказӣ ҷаноза ва дар Лучоб ба хок супорида мешавад
Нахустин навиштаи ӯ дар шакли ҳикоя дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" соли 1960 ба табъ расида буд. Баъдан ӯ ҳамчун журналист ба ҳайси муовини сармуҳаррири Кумитаи матбуоти ҶШС Тоҷикистон низ кор кардааст.
Басова инчунин сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии "Калтак" буд.
Соли 1994 Людмила Басова бо оилааш ба Владимир кӯчид ва то рӯзҳои охирини худ дар он ҷо зиндагӣ мекард.
Дар соли 2007 романи ӯ "Меҳри қобил" ва китобҳои "Пешомади ишқ" ва "Ситораҳои кабуди Аврупо, ситораҳои сабзи Осиё" ба табъ расидаанд.
Маросими видоъ бо марҳум 7 июни соли 2022 соати 11 дар суроғаи: ноҳияи Суздал, калисои деҳаи Новое баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0