Лавров шарти мулоқоти Путин ва Зеленскийро номид

© AFP 2022 / VALERY SHARIFULINВладимир Путин и Владимир Зеленский (коллаж)
Владимир Путин и Владимир Зеленский (коллаж) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ба таъкиди вазири умури хориҷаи Русия, қабл аз сурат гирифтани мулоқоти раисҷумҳурони Русия ва Украина бояд кори гуфтушуниди гурӯҳҳо дубора барқарор шавад
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Имконияти мулоқоти президентҳои Русия ва Украина Владимир Путин ва Владимир Зеленский танҳо баъди аз сар гирифтани раванди музокироти Маскав ва Киев пайдо мешавад.
Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар нишасти хабарӣ дар пайи музокирот бо ҳамтои туркиаш Мавлуд Човушуғлӯ изҳор дошт.
"Нахуст бояд кори гуфтушуниди гурӯҳҳо дубора оғоз шавад", - афзуд дипломати рус.
Ба гуфтаи Лавров, раҳбари Украина дар музокирот бо Русия "бархӯрди сабук" нишон медиҳад.
Ба таъкиди вазири рус, ин бархӯрди сабукфикрона бо ташаббусҳое, ки худи ҳайати Украина рӯзи 29 март дар Истамбул пешбарӣ карда буд, комилан мухолиф аст.
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
Зеленский бори дигар аз омодагии худ барои музокирот бо Путин гуфт
Лавров гуфт, ки аз нимаи моҳи апрел Украина ба нусхаи русии тарҳи созишномаҳо бо Киев посухе надодааст.
"Тӯб тақрибан ду моҳ дар замини украиниҳо буд, нимаи моҳи апрел, вақте ки қаблан онҳо равишҳои худро дар Истанбул баён карданд ва мо омада будем, ки онро қабул намоем, фавран пас аз як ё ду рӯз онҳо фикрашонро дигар карданд", - тавзеҳ дод вазири рус.
Ӯ гуфт, бо вуҷуди ин ҳам тамосҳо идома доштанд ва ҷониби Русия миёнаҳои моҳи апрел шакли нави лоиҳаи созишномаро пешниҳод кард, вале аз он замон то ҳол Украина хомӯширо интихоб кардааст ва ба пешниҳоди Русия посухе надодааст.
Лентаи хабарҳо
0