Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Коршинос 3 роҳҳалли баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистонро нишон дод

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПограничная вышка наблюдения на на белорусско-украинской границе, архивное фото
Пограничная вышка наблюдения на на белорусско-украинской границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Обуна шудан
Тоҷикистону Қирғизистон даҳсолаҳо боз наметавонанд низоъ дар марзро ҳал кунанд: ин давлатҳо бояд ба чораҳои қатъӣ гузаранд ё кумаки тарафи сеюмро дархост кунанд
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Роҳҳали имконпазирии хатми баҳсҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро номзади илмҳои таърих, коршиноси Пажуҳишгоҳи байналмилалии Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русия Евгений Коренев пешниҳод кард.
Ба эътиқоди коршинос, таҳкими назорати марз метавонад яке аз роҳҳои хуб бошад.
Дар баробари ин коршинос шарҳ дод, ки ҳар ду давлат барои бо сифати баланд таъмин намудани он маблағ надоранд. Коренев мегӯяд, минтақаи ошӯбзадаи Осиёи Марказиро низ бояд дар назар дошт.
"Тоҷикистон як қитъаи хатарноки марз бо Афғонистон дорад, аз ин рӯ маҷбур аст, ки нерӯҳои худро дар самтҳои дигар истифода кунад", - шарҳ дод коршинос.
Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо барои расидан ба як созиш омода нестанд.

"Агар дар сатҳи сиёсӣ пас аз ҳар як ҳодиса дар бораи хуруҷи нерӯҳо ва воситаҳо созиш ҳосил шавад, пас дар ҳамарӯза дар сатҳи посгоҳҳои сарҳадӣ мо инро намебинем", - гуфт Коренев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Роҳи дигари ҳалли баҳсҳо бастани "созишномаҳои дарозмуддат байни хадамоти сарҳадии давлатҳо" буда метавонад.
Коренев таъкид кард, ки пайдо шудани “бозигари сеюм” метавонад ба зиддиятҳои миёни Тоҷикистону Қирғизистон таъсир расонад.
Тафсилоти мурофиаи 11 тоҷик дар додгоҳи Лайлак: маълум шуд, ҷаримаро кӣ мепардозад
"Кишварҳо ба ҳоли худ гузошта шудаанд, аммо онҳо иродаи воқеии сиёсӣ надоранд, то дар бораи нақшаи дарозмуддати ба эътидол овардани вазъ мувофиқат кунанд. Албатта, дар ин ҷо бояд як нерӯи сеюм бошад", - мегӯяд коршинос.
Он ҷо набояд амрикоиҳо ё Бритониё иқдомҳои геополитикии худро иҷро кунад. Коренев гуфт, ин мақоме бояд бошад, ки аз бовари ҳар ду тараф бархурдор бошад, он метавонад ба муътадил шудани вазъ мусоидат кунад ва ба ин манфиатдор бошад.
Изҳороти ВУХ Тоҷикистон дар бораи ҳодисаи ахир дар марз бо Қирғизистон
Русия метавонад нақши чунин "бозингар"-ро бозад. Мисли Маскав ҳеҷ каси дигар манфиатдор аст, ки равобит ба эътидол ояд, зеро муноқишаи тӯлонӣ дар марз ба ваҳдати дохилии ташкилии СПАД, ки Тоҷикистону Қирғизистон узви он ҳастанд, таҳдид мекунад, хулоса кард коршинос.
Лентаи хабарҳо
0