Уфти доллару евро ва устувории рубл дар Тоҷикистон

© Sputnik / Алексей СухоруковМонеты номиналом 1 рубль и 1 евро на фоне банкнот номиналом 1 доллар США и 5 евро.
Монеты номиналом 1 рубль и 1 евро на фоне банкнот номиналом 1 доллар США и 5 евро. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Обуна шудан
Қурби доллари амрикоӣ ва евро тайи як рӯзи охир дар Тоҷикистон поин рафта, арзиши рубли Русия устуворияшро нигоҳ доштааст
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби долларро дар ҷумҳурӣ 11.3 сомонӣ муқаррар кардааст, ки нисбати нишондоди рӯзи гузашта поинтар аст. Рӯзе қабл доллар 11,4 сомонӣ арзиш дошт.
Ба иттилои БМТ, арзиши евро, ки баробари 12.22 сомонӣ баробар буд, тайи як рӯз то 12.06 сомонӣ поин омадаст.
Рубли русӣ арзиши рӯзҳои қаблияшро нигоҳ дошта, ҳамоно баробари 175 сомонӣ мебошад.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистонро барои як доллари ИМА - 11.3000, барои евро аз 12.0628 то 12.1 сомонӣ ва барои рубли русӣ аз 0.1750 то 0.1770 сомонӣ арзёбӣ кардаст.
Дар бонки "Алифбонк" арзиши доллар зимни харид 11,00 сомонӣ ва зимни фурӯш 11,2 сомонӣ муқаррар шудаст.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Иқтисоддонҳо гуфтанд, қурби доллар дар моҳи июн чӣ гуна хоҳад шуд
"Ориёнбонк" долларро ба ивази 11,30 сомонӣ мефурӯшад. Дар ин бонк барои ҳазор рубл зимни харид 165 сомонӣ ва зимни фурӯш 180 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Аввалин бонки молиявии хурд нархи харидуфурӯши долларро 11.0 - 11.1 сомонӣ, евро - 11.5 - 12 сомонӣ ва рублро 0.166 - 0.177 сомонӣ муқаррар намудаст.
Бонки "Эсхата" долларро 11.1 сомонӣ мехарад ва 11.2 сомон мефурӯшад. Рублро бо нархи 0.175 - 0177 сомонӣ харидфурӯш мекунад.
"Амонатбонк" қурби долларро 11.1 сомонӣ зимни харид ва 11.3 сомонӣ зимни фурӯш, евро 11,5 зимни харид ва 12.01 зимни фурӯш ва барои рубли Русия 0.173 сомонӣ зимни харид ва зимни фурӯш 0,177 сомонӣ муқаррар шудаст.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0