Вазири нерӯи Эрон ба Тоҷикистон омад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаДворец Нации в Душанбе
Дворец Нации в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Обуна шудан
Вазири нерӯи Эрон барои ширкат дар дувумин иҷлоси об бо унвони “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Алиакбари Меҳробиён, вазири нерӯи Эрон барои ширкат дар дувумин иҷлоси сатҳи боло дар бораи об бо унвони “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” вориди Душанбе шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Мақсади асосии аз ин ҷаласа кумак ба тасреи иқдомот барои ҳалли буҳрони об дар сутуҳи миллӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ аст.
Ин нишаст аз рӯзи душанбе, 6 июн оғоз шуда ва то рӯзи 9 июн идома хоҳад ёфт.
Давлати Тоҷикистон бо ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид ва мушорикати дигар тарафҳо ин иҷлосияро ташкил кардааст.
Встреча с заместителем Генерального секретаря ООН по экономическим и социальным вопросам Луи Ренмином - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
Аз обхезӣ то хушксолӣ: Раҳмон бо ноиби дабири СММ аз тағйирёбии иқлим гуфт
Ҳадаф аз баргузории ин иҷлос таъкиди дубора бар ин аст, ки ҳалли мушкили дастрасӣ ба об ҳамчунон яке аз фавритарин масоил дар ҷаҳон аст.
Ин нишаст ба тақвияти ҳамкории кишварҳо ва ниҳодҳои зермаҷмуаи СММ барои пардохтан ба мавзуи об ва мавзуоти муртабит бо он кумак мекунад.
Ёдрас менамоем, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Эрон сафар карда буд. Дар ин сафараш раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақомоти олии Эрон дидору гуфтугӯ кард. Дар ин сафар миёни ду кишвар 17 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Лентаи хабарҳо
0