Раиси Суғд ба 2 оилаи ниёзманд хона дод

© Schluesseldienst / pixabayКлючи от дома
Ключи от дома - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Обуна шудан
Яке аз оилаҳо, ки соҳиби хонаи нав шуд, то ҳол дар як ҳавлӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳамроҳи пайвандонаш, дар маҷмуъ 7 оила якҷоя зиндагӣ мекарданд
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба ду сокини эҳтиёҷманди шимоли Тоҷикистон манзилҳои истиқоматӣ тақдим кардааст.
Тибқи иттилои ҳукумати вилояти Суғд, аз ҷумла Аҳмадзода ба Муқим Носиров ва оилааш хона дод, ки то ҳол якҷо бо пайвандон дар як ҳавлӣ ҳафт оила зиндагӣ мекарданду ниёз ба беҳтарсозии шароити зист доштанд.
Инчунин сокини шаҳри Гулистон ​ Муяссар Неъматова, маъюби гурӯҳи дуюм соҳиби хона шудааст, ки солҳои зиёд аз надоштани манзил иҷоранишин ва дар ҳоли беморӣ овораву сарсон буд.
"Ба сокинони ниёзманд калиди хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон супорида шуд", - омадааст дар иттилоия.
Таъмини хонаҳо дар ҳолест, ки раиси вилояти Суғд ахиран ба корхонаҳое, ки зиёда аз се ҳазор коргар доранд, дастур дода буд, то барои кормандонашон хона созанд.
"Мо ба корхонаҳо гуфтем, ки барои беҳтар кардани ваъи зиндагии коргаронатон онҳоро бо хона таъмин намоед",- таъкид карда буд Аҳмадзода.
Ӯ зикр кард, аз Хуҷанд то Истаравшану Панҷакент корхонаҳои калон ҳастанд, ки дар онҳо ҳазорон коргар дар онҳо фаъолият мекунанд, ки онҳо мутахассис ҳастанду оила ва ба дастгирӣ ниëз доранд.
Фото новостройки, Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
Пешсафии Суғд дар сохтмони хонаҳои истиқоматӣ
Аҳмадзода гуфт, иқдоми хонасозиро барои мутахассисон худи ҳукумати вилоят низ роҳандозӣ кардааст ва навоҳӣ низ оз он пайравӣ хоҳанд кард.
"Худи ҳукумати вилоят тасмим дорад, ки барои омӯзгорон ва табибони ҷавон солона то 100 хона созад. Дар шаҳру навоҳӣ низ ин иқдом татбиқ мешавад. Ҳоло лоиҳаҳо омода ва заминҳо низ ҷудо шудаанд", - гуфта буд раиси вилоят.
Ба гуфтаи Аҳмадзода, маблағҳое низ барои бунëди хонаҳои иҷтимоӣ ҷудо шуда, он ройгон тақсим карда мешавад. Ҳадаф аз роҳандозии ин тасмим пешгирӣ аз муҳоҷиршавии мутахассисони соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла табибону омӯзгорон гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0