Паҳлавони номовари тоҷик баъди ҷароҳати сангин ба майдон баргашт

© Федерация дзюдо ТаджикистанаДзюдоист Бехруз Ходжазода
Дзюдоист Бехруз Ходжазода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Пас аз муолиҷаи тӯлонӣ паҳлавони шинохта дар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ, аз қабили "Тоскулоҳи бузург" ширкат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода, ки дар арсаи байналмилалӣ барои Тоҷикистон ифтихорофариниҳо дошт, пас аз ду соли муолиҷа ба тамринҳои худ оғоз кард. Дар ин бора дафтари матбуотии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Паҳлавон тайи ду соли ахир аз як ҷароҳати сангини бардоштааш табобат мегирифт. Пас аз сиҳат шудан ӯ боз ба тамрин шуруъ кард ва барои ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба омодагии пуршиддат пардохтааст.
Ҳамин тавр, Хоҷазода Тоҷикистонро дар мусобиқаи Grand Slam, ки аз 24 то 26 июн дар Улан-Батори Муғулистон баргузор мешавад, намояндагӣ мекунад.
Варзишгар дар вазни 73 кг қувваозмоӣ мекунад. Ба ҷуз аз ӯ 5 варзишгари дигар: Шаҳбоз Саидабӯроров (66 кг), Сомон Маҳмадбеков (73 кг), Шодмон Ризоев (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг) ва Амирҷони Насимҷон (90 кг) барои пирӯзӣ мубориза мебаранд.
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Ҷудокори тоҷик паҳлавонҳои бритониёӣ ва украиниро шикаст дод
Мусобиқаи Grand Slam яке аз бонуфузтарин мусобиқаҳои арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар он ҳудуди 200 варзишгар аз 27 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд.
Фонди ҷоизаи мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолиб зинаи аввал 4000, ҷойи дуюм 2400 ва барандаи мақоми сеюм 1200 евро мукофотпулӣ мегиранд.
Илова бар ин, паҳлавонон имкони баланд бардоштани мақоми худ дар рейтинги ҷаҳонии ҷудоро пайдо мекунанд.
Ҳамин тариқ, ба ҷудочӣ барои медали тилло 500, барои нуқра 300 ва барои биринҷӣ 200 имтиёз дода мешавад.
Марҳилаҳои боқимондаи мусобиқаи Grand Slam дар мавсими имсола дар Будапешт, Загреб, Абу-Заби, Боку ва Токио баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0