Идомаи коҳиши доллару евро дар Тоҷикистон: бо рубл чӣ шуд?

© Sputnik / Владимир ТрефиловДенежные купюры, пластиковые карты
Денежные купюры, пластиковые карты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Обуна шудан
Сар аз оғози ҳафта доллар ва евро дар баробари сомонӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтаанд, аммо рубл бошад, устувор аст
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъор дар кишварро нашр кардааст, ки тибқи он рубли русӣ устуворияшро нигоҳ медорад.
Ҳамин тариқ дар кишвар ҳоло 1000 рубли русӣ 177 сомонӣ арзиш дорад.
Пули амрикоӣ бошад, боз каме поин рафтааст. Агар як рӯз қабл он дар сатҳи 11,19 сомонӣ барои як доллар буд, пас ҳамакнун 11.02 муқаррар шудааст.
Пули аврупоӣ низ коҳиш ёфтааст. Танзимгари асъор дар Тоҷикистон барои як евро 11,52 сомонӣ муқаррар кардааст. Ин дар ҳолест, ки пеш аз рӯзҳои истироҳатӣ қурби евро 12,16 сомонӣ барои як евро буд.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
Пешгӯии болоравии башиддати доллар: кай?
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 170 сомонӣ ва зимни фурӯш 180 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 177 ва дар фурӯш 179 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 165 сомонӣ мехараду ба ивази 182 сомонӣ мефурӯшад.
Аҳволи доллар чӣ мешавад? Пешгӯии дақиқи коршинос
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 177 ва ҳангоми фурӯш 181 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0