Қазоқистон боз маҳдудияти содироти гандум ва ордро тамдид кард

© Sputnik / Валерий Морев / Гузаштан ба хазинаи аксУборка зерновых, архивное фото
Уборка зерновых, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Қазоқистон ба хотири ҳифзи бозори дохилӣ маҳдудиятҳои муваққатӣ дар содироти ғалла ва ордро боз барои як моҳи дигар тамдид кард
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Қазоқистон маҳдудияти содироти ғалла ва ордро то 30 сентябри соли 2022 тамдид кард.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон бо такя Вазорати кишоварзии ин кишвар хабар медиҳад.
Моҳи апрели соли ҷорӣ Вазорати кишоварзии Қазоқистон қонуне қабул карда буд, ки тибқи он, барои содироти гандум ва орд то 15 июн маҳдудият ҷорӣ шуда буд.
Квота барои содироти гандум аз Қазоқистон 550 ҳазор тонна гандум ва 370 ҳазор донна орд муқаррар шудааст.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар гандумзорҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Кишти гандуми Русия дар Суғд: Аҳмадзода роҳи даромадгирии бештари деҳқононро гуфт
Бар ивази ин истеҳсолкунандагони гандум ва орд бояд 10%-и онро ба бозори дохилӣ бо нархи нисбатан арзон пешкаш кунанд.
Ёдовар мешавем, ки чунин чораандешӣ барои таъмини амнияти озукавории ин кишвар гирифта мешавад. Мақомоти ҷумҳурӣ аз ҳоло барои тасдиқи тартиби нархгузории маҳсулоти кишоварзӣ чораҳо меандешанд.
То 15 июн барои содирот аз Қазоқистон ба миқдори 1 миллион тонна гандум ва 300 ҳазор тонна орд квота мавҷуд буд.
Мувофиқи маълумоти Иттиҳодияи ғаллаи Қазоқистон то 13 июн азхудкунии квотаи гандум 69 фоиз, орд — 86 фоизро ташкил медиҳад.
Соли 2021 Қазоқистон 16,4 миллион тонна ғалла ба даст оварда ва аз кишварҳои асосии содиркунандаи минтақа боқӣ мемонад.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз воридкунандагони асосии гандум аз Қазоқистон мебошад, бинобар ин дар сурати тамдиди маҳдудиятҳо он ба болоравии нархи орду маҳсулоти нонӣ дар кишвар бетаъсир нахоҳад монд.
Пшеничное поле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Дарави ғалла дар Суғд оғоз шуд: нархи орд арзон мешавад?
Қаблан Абдуқодир Ятимов, сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфта буд, ки беш аз 90 дарсади гандуму орди воридотии Тоҷикистон аз Қазоқистон аст.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон танҳо ба ҳадди 50-60 фоизи талаботи ҷомеа гандум мерӯёнад ва боқиро ба кишвар ворид мекунад.
Тоҷикистон дар сол наздик ба ду миллион тонна гандум ниёз дорад.
Лентаи хабарҳо
0