Коренков: Корхонаҳои Тоҷикистон ба бозори Русия роҳ меёбанд

© Foto / Хадамоти матбуоти Шӯрои Федератсияи РусияФлаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Обуна шудан
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии "Суғд - 2022" оғоз шуд, ки дар он намояндаи тиҷоратии Русия дар ҷумҳурӣ суханронӣ кард
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Корхонаҳои нави Тоҷикистон аз вилояти Суғд ба бозори Русия роҳ меёбанд. Дар ин бора Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон зимни ифтитоҳи ҳамоиши “Имкониятҳои тиҷориву сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ” дар вилояти Суғд изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, тайи ҳашт соли баргузории ин намоишгоҳ, формати баргузории чорабинӣ худро бонуфузтарин ярмарка муаррифӣ кардааст.
Вай қайд кард, ки фурсати дидани маҳсулот имкон медиҳад, ки мақомоти Суғд бо соҳибкорони дигар кишварҳо муттаҳид шаванд.
"Ҳузури мо дар ин ҷо далели он аст, ки ширкатҳо ва соҳибкорони Русия ба тавсеъа ва амиқтар кардани ҳамкориҳо бо шарикони тоҷик дар ҳама самтҳо ҳавасманданд", - гуфт Коренков.
Вай ҳамчунин зикр кард, ки Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва аз аз гардиши рекордии мол дар соли 2021, ки беш аз 1,3 миллиард доллар буд, ёдовар шуд.
Ҳоло дар минтақаҳои Русия барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Тоҷикистон мулоқоту гуфтушунидҳо фаъолона ташкил карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки ҳамоиши соҳибкорон рӯзи 17 июн дар Театри давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода суханронӣ карданд.
Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо Суғд-2022  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Дар ярмаркаи VIII савдои "Суғд-2022" наздики 400 меҳмон ширкат мекунад: видео
Дар миёни меҳмонон раиси вилояти Ҷиззах Эргаш Солиев, сафири Тоҷикистон дар Узбакистон Абдуҷаббор Раҳмонзода низ ҳастанд.
Сафирони Озарбойҷон, Туркия, Беларус, Қазоқистон, инчунин намояндаи ваколатдори Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон.
Илова бар ин, зиёда аз 400 нафар соҳибкорон аз Федератсияи Русия, Чин, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Ӯзбекистон, Беларус ва Қазоқистон дар ҳамоиш ҳузур доранд.
Лентаи хабарҳо
0