Равоншинос гуфт, чигуна метавон ба худ боварӣ ҳосил кард

© PixabayОдиночество, архивное фото
Одиночество, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2022
Обуна шудан
Муваффақияти шахс аз худбаҳодии вай вобаста аст, боварӣ доранд равоншиносон. Шахсе ки ба худ боварӣ надорад, имкониятҳои зиёдро аз даст медиҳад
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Аксар вақт одамон худ ва рафторашонро худашон интиқод мекунад, ки ин нодуруст аст, боварӣ дорад Муҳаббат Нозимова равоншиноси тоҷики муқими Маскав. Ӯ мегӯяд, бештари чунин нафарон ноком мемонанд.
Равоншиноси Маркази психологӣ дар Маскав Муҳаббат Нозимова дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки чигуна метавон ин камбудиро ислоҳ намуд ва бо боварӣ ба худ зиндагӣ кард.
“Одамоне, ки шубҳа доранд, вақти худро беҳуда сарф мекунанд, имкониятҳои рушдро аз даст медиҳанд. Ба худ шубҳаи доимӣ шахсро на танҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ, балки аз ҷиҳати ҷисмонӣ низ рӯҳафтода мекунад”, - таъкид мекунад коршинос.
Дар ҳамин ҳол, ба қавли вай, ислоҳи ин камбудӣ хело осон аст: равоншиносон усулҳои зиёди боло бурдани худбовариро пешниҳод мекунанд, ки дастрас низ ҳаст.
Хонум Муҳаббат пеш аз ҳама ба чунин нафарон маслиҳат медиҳад, ки ҳамагуна муқоисаи худ бо дигаронро бас кунанд.
“Охир, дар зиндагӣ ҳамеша одамоне хоҳанд буд, ки аз ту донотаранд, чизеро аз ту беҳтар медонанд, аз ту қавитаранд ва ғайра. Муқоиса ба он оварда мерасонад, ки ҳамеша дар иҳотаи рақибон хоҳӣ буд, ки аз ту беҳтару хубтаранд”, - таъкид мекунад вай.
Се нишонаи омода будани мард ба зангирӣ
Дувум ин ки бояд худайбдоркунӣ ва “худ хӯрӣ”-ро бас кунед. Ба ҳамаи таърифҳо, ташаккурҳо, иқрорҳо, табрикҳо бояд "ташаккур" гӯён ҷавоб диҳед. Ҳатто “ҳеҷ гап не” ё “намеарзад” метавон сигнале ба заиф шудани худбаҳодиҳии шумо шавад.
Ҳар рӯз такрор кардани он ки “ман беҳтаринам”, “ман зебоям”, “ман қавиям”, “ҳамаш хуб аст” ва ғайра боиси некбинӣ ва даст овардани эътимод ба қобилиятҳои худ мегардад.
“Дар муошират шумо бояд ба одамони мусбӣ, хушбин ва боваринок, ки ҳамеша омодаанд шуморо дастгирӣ кунанд, бартарӣ диҳед”, - меафзояд Муҳаббат Нозимова.
Вай ҳамчунин маслиҳад медиҳад, ки рӯйхати пирӯзиҳои гузаштаи худ ва тамоми дастовардҳо, ҳатто хурдтаринро тартиб додан лозим аст.
Онро мунтазам аз назар гузаронед, шодӣ, ифтихор аз худ ва эҳсоси қаноатмандие, ки он вақт эҳсос карда будед, ба ёд оред. Шумо бояд ҳадди аққал 20 хислатҳои мусбати худро дар як коғаз нависед ва ҳарчи зудтар ин рӯйхатро аз назар гузаронед.
Чӣ бояд кард, то кӯдак дурӯғгӯ нашавад?
“Ба одамони гирду атрофатон кумак кунед ё танҳо бо сухан ва муносибататон рӯҳбаланд намоед. Вақте барои дигарон коре кунад, дар назари ӯ арзиши шахсияти худаш меафзояд ва аз ин рӯ, табъаш боло меравад ва худбаҳодиҳияш ҳам меафзояд”, - таъкид мекунад вай.
Лентаи хабарҳо
0