Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Чаро хомӯшед? Муроҷиати тунди Қодиров ба роҳбарони кишварҳои узви СААД

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузаштан ба хазинаи аксГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раҳбари Чеченистон СААД-ро дар надоштани мавзеъгирии ягона дар бораи ҳаводиси Украина муттаҳам карда, талаб намуд, ки муттаҳид шаванд ва ҳарфи худро бигӯянд
ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Рамазан Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон, раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро муттаҳам кард, ки дар пасманзари ҳаводиси идомаёфта дар Украина мавқеъ нагирифтаанд.
"Сарони кишварҳои СПАД, чаро хомушед, чаро дар бораи ҳамсояҳои худ гап намезанед? <…> Чаро шумо ба муқобили фашистон, ки ниёгонамонро куштанд, мавқеъ надоред? Замоне мо ба муқобили онҳо якҷоя ҷангида будем", - бо таассуф изҳор доштааст Қодиров дар як видеое, ки дар канали Telegram -аш нашр шудааст.
Ӯ аз раҳбарони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъват кард, ки муттаҳид шаванд ва ҳарфи худро бигӯянд.
Дар идома ӯ суол гузошт, ки Белорус ва Қазоқистонро дар замони барои онҳо мушкил кӣ наҷот дод? Ҷанги Арманистону Озарбойҷонро кӣ хомӯш кард?
"Албатта, Русия! Аммо вақте Русия ба кумак ниёз дорад, ҳама хомӯшанд", - афзуд кишвардори Чеченистон.
Ба таъкиди Қодиров, онҳо таҷрибаи хуби ҷангӣ доранд ва дар ояндаи наздик дар ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск натиҷаи хубро нишон медиҳанд.
"Мо аз давлати худ, халқи худ ва ҳамаи онҳое, ки аз ин шайтонҳо азоб мекашанд, ҳифз мекунем", - таъкид кард Кодиров.
Сборы военных в Грозном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Қодиров сабаби якбора суръат гирифтани амалиёт дар Украинаро ошкор кард
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон президенти Қазоқистон Қосим - Ҷомарт Тоқаев дар ҳамоиши иқтисодӣ, ки дар шаҳри Санкт - Петербург сурат гирифта буд, изҳор дошт, ки кишвараш истиқлолияти ҶМД ва ҶМЛ - ро намепазирад.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Нерӯҳои украинӣ дар корхонаи "Азот"-и ҶМЛ ба таслимшавӣ шуруъ карданд
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Лентаи хабарҳо
0