Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Қодиров ҳақиқатро дар бораи талафоти бузурги зархаридон дар Украина ошкор кард

© Sputnik / Виктор Антонюк / Гузаштан ба хазинаи аксОсвобожденное село Тошковка в ЛНР
Освобожденное село Тошковка в ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Чеченистон гуфт, ки шумори ҷангҷӯёни хориҷӣ дар Украина ба таври қобили мулоҳиза кам шудааст. Ӯ гуфт, барои бисёре аз онҳо ин ногаҳонӣ буд
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Сарбозоне, ки аз хориҷи кишвар барои ҷанг ба Украина омадаанд, талафоти вазнин доданд, гуфт роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар канали Telegram-и худ.
"Зархаридон навори нокомии худро хеле кам нашр мекунанд. Дарвоқеъ, талафоти хориҷиён бузург аст ва наҷотёфтагон бештар дар бораи даст кашидан аз ин тиҷорати бемаънӣ ва дур шудан аз Украина фикр мекунанд", - навиштааст ӯ.
Вай афзуд, агар чанд моҳ пеш зархаридони хориҷӣ дар шабакаҳои интернетӣ наворҳое нашр мекарданд, ки "бартарӣ"и худро гӯё нишон медоданд, ҳоло онҳо танҳо метавонанд аз "нотавонӣ" -и худ гӯянд.
Ба унвони мисол ӯ ба Ҷеймс Васкес ишора кард, ки аз Амрико барои ҷанг ба Украина омадааст.
Дар яке аз навиштаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯ дар бораи талафоти калон сухан гуфт. Аз ҷумла, зархарид иқрор шуд, ки мардуми зиёдеро аз даст додааст ва мехоҳад ҳарчи зудтар ба ватан баргардад.
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Чаро хомӯшед? Муроҷиати тунди Қодиров ба роҳбарони кишварҳои узви СААД
Тавре вазорати дифоъ хабар дод, дар оғози амалиёти вижаи низомии Русия ҳудуди 7000 зархариди хориҷӣ асосан аз Лаҳистон, Канада ва ИМА вориди Украина шуданд. Ҳоло онҳо каме бештар аз 3,2 ҳазор нафар боқӣ монданду халос.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0