Дар Исфара зани 27-сола чоргоник таваллуд кард

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкНоворожденный ребенок.
Новорожденный ребенок. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Обуна шудан
Дар вилояти Суғд як оилаи ҷавон якбора соҳиби чор фарзанд шуд ва ҳар чор кӯдаки навзод духтар ҳастанд. Табибон вазъи модару навзодонро хуб арзёбӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Як сокини ҷамоати Чоркӯҳ аз Исфара чоргоник ба дунё овард, хабар медиҳад шабакаи телевизионии "СМ-1".
Бар хабар манбаъ, ҳар чор кӯдаки навзод духтаранд. Тибқи омор, чунин ҳодисаҳо дар 700 ҳазор сол як маротиба рух медиҳанд.
Навзодонро Мавзуна Сангиноваи 27-сола ба дунё овад. Ба гуфтаи табибон, духтароне, ки алакай номҳои Фотима, Зӯҳро, Аниса ва Мунисаро гирифтаанд, худро хуб ҳис мекунанд.
"Зан фарзандонашро бо роҳи ҷарроҳӣ таваллуд кард. Чор духтарча бо вазни 1600, 1080, 1300 ва 1180 грам таваллуд шудаанд", - гуфт пизишк.
Зикр гарид, ки дарҳол пас аз таваллуд вазъи тифлон вазнин буд, зеро модар онҳоро қабл аз муҳлат таваллуд кард. Чоргоникҳо дар дастгоҳи махсус барои нигоҳубини тифлони навзод ҷойгир карда шуданд, ки дар он чанд рӯзи вазнинро гузарониданд.
"Ҳоло вазъи модар ва ҳам кӯдакон хуб аст. Онҳо таҳти назорати табибон қарор доранд", - афзуд манбаъ.
Модари ҷавон қаблан писар таваллуд карда буд ва ҳоло фарзанди калонии ӯ панҷсола аст.
Кӯҳистони Хатлон: Ҳар кӯдаки 10-ум дар хона таваллуд мешавад
Маъмурияти ҷамоати Чоркӯҳ низ гуфт, ки аллакай бобои навзодон бо дархости омода кардани шаҳодатномаи таваллуд ба ин шӯъба муроҷиат кардаанд.
Манбаъ меафзояд, пас аз мураххас шудан аз бемористон, роҳбарияти Чоркӯҳ ба ин оилаи ҳамакнун серфарзанд кумаки молиявӣ хоҳад расонд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар ноҳияи Қубодиён як модар панҷгоник таваллуд карда буд. Ба волидони панҷгоникҳо дар ноҳияи мазкур аз ҳисоби буҷаи ҳукумат хонаи истиқоматӣ бунёд шуд.
Лентаи хабарҳо
0