Нишондоди нави устувории рубл дар Маскав. Коршиносон мегӯянд, ин нуқтаи охир нест

© Sputnik / Алексей СухоруковМонеты номиналом 1 рубль и 1 евро на фоне банкнот номиналом 1 доллар США и 5 евро.
Монеты номиналом 1 рубль и 1 евро на фоне банкнот номиналом 1 доллар США и 5 евро. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Арзиши рубли Русия дар нисбати асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллари амрикоӣ ва евро ба сатҳи бесобиқа дар зиёда аз 7 соли охир боло рафт
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Қурби доллари амрикоӣ дар биржаи Маскав аз 53 рубл ҳам поин рафт, хабар дод РИА "Новости". Ба иттилои манбаъ, ин нишондоди поинтарин тайи 7 соли охир мебошад.
Таҳлилгарон мегӯянд, ин ҳадди ниҳоии устувории рубл набуда, метавонад то ба 52 рубл сари як доллар расад.
Дар ҳамин ҳол қурби евро низ аз ҳадди 56 рубл камтар шудааст, ки аз моҳи майи соли 2015 то ҳол бесобиқа мебошад.
Болоравии қурбро ба нархи баланди манобеи энержӣ ва пардохти андоз дар охири моҳи июн рабт дода мешавад, чун содиркунандагони мол барои пардохти молиёт бояд қисме аз даромадашонро ба рубл гардонанд.
Ин дар ҳолест, ки қурби мусоиди доллар барои иқтисоди Русия дар сатҳи 70-80 рубл арзёбӣ мешавад, изҳор дошт ахиран ноиби аввали сарвазири ФР, Андрей Белоусов.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Иқтисоддонҳо гуфтанд, қурби доллар дар моҳи июн чӣ гуна хоҳад шуд
Ӯ изҳор дошт, ки ҳукумати Русия талош дорад, то қурби долларро дар сатҳи мусоид расонад.
Белоусов мегӯяд, василаҳое, ки барои устувории рубл дар шароити қурби шинокунанда мусоидат мекарданд, феълан амалан муассир нестанд.
"Сабабаш масдудсозии захираҳои Бонки Русия ва дар натиҷа лағви қоидаҳои буҷетӣ мебошад", - тавзеҳ дод Белоусов.
Дар зимн асъори миллӣ бояд то сатҳи мусоид ҳарчи зудтар поин равад, таъкид намуда буд ноиби сарвазири Русия.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина дар моҳи феврали соли равон қурби рубл то ба ҳадди бесобиқа поин рафт, аммо баъдан рӯй ба устуворӣ ниҳод.
Лентаи хабарҳо
0