Путин: Дар БРИКС масъалаи сохти пули байналмилалӣ баррасӣ мешавад

© Sputnik / Михаил Метцель / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин обратился с приветствием к участникам Делового форума БРИКС
Президент РФ В. Путин обратился с приветствием к участникам Делового форума БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Русия ахиран эълон кард, ки кишварҳои узви созмони БРИКС масъалаи сохти пули байналмилалиро баррасӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия афзуд, ки масъалаи сохти пули байналмилалӣ дар асоси сабади асории созмони БРИКС дар ҳоли баррасӣ аст, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
"Дар якҷоягӣ бо шарикони БРИКС механизмҳои боэътимоди дигари ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ таҳия мешаванд. Низоми паёмрасони молиявии Русия барои пайваст кардани бонкҳои панҷ кишвар боз аст. Ҷуғрофияи истифодаи низоми пардохтии Русия "Мир" васеъ мешавад. Масъалаи таъсиси як пули байналмилалӣ дар асоси сабади асъорҳои кишварҳои мо асос ёфтааст”, - гуфт роҳбари Русия ба иштирокчиёни Форуми тиҷоратии БРИКС.
Путин таъкид кард, ки сарфи назар аз ҳама мушкилоти пешомада, доираҳои тиҷоратии БРИКС равобити мутақобилан судмандро дар бахшҳои тиҷорат, молия ва сармоягузорӣ пайваста тавсеа медиҳанд.
Раисҷумҳури Русия афзуд, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ табодули колои Русия бо кишварҳои БРИКС 38 дарсад ё то 45 миллиард доллар афзоиш ёфтааст.
Лузянин: это будет началом демонтажа долларовой системы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Пули нави СҲШ: доллар чӣ мешавад? - видео
"Доираҳои тиҷоратии Русия дар ҳамоҳангӣ бо доираҳои тиҷоратии кишварҳои БРИКС барои рушди сохтори ҳамлу нақл, бозсозии масирҳои логистикӣ ва эҷоди занҷирҳои нави истеҳсолӣ чораҳои фаврӣ меандешанд".
Вай ҳамчунин афзуд, ки равобит миёни доираҳои тиҷоратии Русия ва кишварҳои БРИКС фаъол шудааст.
Аз ҷумла ба гуфтаи Владимир Путин барои ифтитоҳи силсиламағозаҳои ҳиндӣ дар кишвар, афзоиши саҳми мошину таҷҳизот ва техникаи чинӣ дар бозори Русия музокирот идома дорад.
"Дар навбати худ ҳузури Русия ҳам дар кишварҳои БРИКС афзоиш меёбад. Ҳаҷми интиқоли нафти Русия ба Чин ва Ҳиндустон ба таври қобили мулоҳиза меафзояд. Ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ босуръат рушд дорад. Русия ба кишварҳои узви БРИКС ҳаҷми назарраси нуриҳои минералӣ содир мекунад. "Ширкатҳои IT-и Русия фаъолияти худро дар Ҳиндустон ва Африқои Ҷанубӣ тавсеа медиҳанд ва моҳвораҳои мо 40 миллион нафарро дар Бразилия бо пахши барномаҳои телевизионӣ таъмин мекунанд", - афзуд Владимир Путин, раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0