"Хуҷанд" дар Бишкек: Хоҷаев дар бораи рақибон, омодагӣ ва рӯҳия бозигаронаш гуфт

Рустам Ходжаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Обуна шудан
Мураббии бошгоҳи футболи "Хуҷанд" мегӯяд, омодагии дастпарваронаш барои рақобатҳо дар Ҷоми КФО хуб аст ва танҳо барои пирӯзӣ талош хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Барандаи медали нуқраи Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2022, тими футболи "Хуҷанд" барои рақобатҳо дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2022 пурра омода аст.
Дар ин бора Рустам Хоҷаев, сармураббии даста, ки ҳоло бо дастпарваронаш дар Бишкек қарор дорад, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
Ӯ гуфт, рӯҳияи бозигарон бисёр хуб аст ва ягон мушкилӣ вуҷуд надораду тим пурра барои рақобат омодааст.

"Бегоҳ охирин тамрин барои бозӣ фардо гузаронида мешавад. Ҳадаф танҳо ғалаба аст ва мақсад низ барои ҳамин гузошта шудааст",- гуфт Хоҷаев.

Ӯ гуфт, бошгоҳи "Хуҷанд" таҷрибаи бозӣ дар ин мусобиқотро дорад ва дар асоси барномаҳо тарҳрезишуда натоиҷи хубро интизоранд.
Маврид ба зикр аст, ки аввалин ҳарифи "Хуҷанд" дар Ҷоми КФО-2022 бошгоҳи "Копетдаг" - и Туркманистон аст, ки нахустин бор ба ин мусобиқа расидааст.
Хоҷаев дар мавриди ҳарифи аввали дастпарваронаш гуфт, дар бораи бошгоҳи туркманӣ иттилои бештар надоранд.
Во Дворце спорта г.Худжанда с участием Председателя Согдийской области Раджаббоя Ахмадзода состоялась церемония закрытия областных открытых соревнований на Кубок Председателя Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Ҷамъбасти мусобиқаҳои кушод барои Ҷоми раиси Суғд: Киҳо пирӯз шуданд?
"Мо дар бораи даста хондем, аз тариқи ҳамкорон ва дӯстон иттилое дарёфт кардем, аммо видеои бозиҳояшонро надидаем", - афзуд сармураббии бошгоҳ.
Ёдовар мешавем, ки ноиби қаҳрамонии Тоҷикистон, "Хуҷанд" барои роҳхати ягона ба даври баъдӣ бо қаҳрамони Қирғизистон "Дордой" ва соҳиби Ҷоми Туркманистон "Копетдаг" дар гурӯҳи "F" мубориза мебарад. Ҳамаи бозиҳои ин гурӯҳро Бишкек мизбонӣ мекунад.
Нахустин бозии даста бо бошгоҳи туркманӣ 24 июн дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови Бишкек соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ барпо мешавад.
Бозии дувуми "Хуҷанд" бо "Дордой" санаи 30 июн баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0