Талоши низомиёни украинӣ барои фирор аз Северодонетск дар либоси мулкӣ

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузаштан ба хазинаи аксРабота артиллерийского взвода народной милиции ЛНР
Работа артиллерийского взвода народной милиции ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Нерӯҳои украинӣ ҳамаро партофта фирор мекунанд, баъзан барои ин кор ҳатто либоси занона ба бар менамоянд, изҳор дошт яке аз фармондеҳони "Ахмат"
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Гуруҳе аз низомиёни украинӣ талош кард, ки Северодонетскро таҳти пӯшиши мулкиҳо тарк кунанд, аммо муваффақ нашуданд, изҳор дошт яке аз фармондеҳони воҳиди махсуси Чеченистон ба РИА "Новости".
"Ҳамаро партофта мегурезанд, ҳатто либоси занона ба бар мекунанд. Иваз мекунанду талош мекунанд ҳамроҳ бо сокинони осоишта бираванд. Мо онҳоро дастгир мекунем. Чунин ҳам рух медиҳад", - гуфт мусоҳиби хабаргузорӣ.
Ин дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Чеченистон, Рамазон Қодиров изҳор дошт, минтақаи саноатии Северодонетск ва фурудгоҳ пурра таҳти назорати нерӯҳои Русия ва Донбасс мебошанд.
Мақомоти Луганск мегӯянд, дар қаламрави корхонаи "Азот" шаҳрвандони мулкӣ намонданд, гаравгонҳо озод карда шуданд.
Вид на Дубай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Манбаъ: ИМА пешниҳоди ҳамкорӣ дар табодули асирон аз Украина кард
"Ҳеҷ кас дар дасти ҷангҷӯёни украинӣ гаравгон намондааст. То ҳол ҳудуди минтақаи саноатии "Азот" аз ҷангҷӯёни украинӣ комилан озод карда шудааст", - гуфт сафири ҶМЛ дар Русия, Родион Мирошник.
Ӯ гуфт, вале ҳастанд гурӯҳи одамоне, ки намехоҳанд ин минтақаро тарк кунанд.
"Теъдоди муайяни одамон ҷои рафтан надоранд ва онҳо намехоҳанд аз қаламрави Северодонетск берун шаванд, тақрибан 30%, онҳо тасмим гирифтаанд, ки ҳоло дар паноҳгоҳҳо бимонанд. Сарбозони мо ба онҳо ғизо, об ва дору медиҳанд", - афзуд Мирошник.
Сафир афзуд, ки аллакай ин гуруҳҳо низ тасмими берун рафтан аз қаламрави онро гирифтаанд.
Ба гуфтаи сафир, сокинони мулкӣ асосан ба Старобелск интиқол дода шуданд ва он ҷо аллакай тасмим мегиранд ба куҷо рафтан мехоҳанд, пеши хешовандон доранд ва ё марказҳои зисти муваққатӣ.
Лентаи хабарҳо
0