Садамаҳои маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон: ду зан ҳалоку як мард бистарӣ шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешДорожные сигнальные конусы, архивное фото
Дорожные сигнальные конусы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ду садамаи маргбор дар роҳҳои кишвар хабар медиҳад, ки дар паи он ду нафар ҳалок ва як тан бистарӣ градидааст
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар паи ду садамаи фоҷиабори нақлиётӣ дар роҳҳои Тоҷикистон ду зан: яке 38-сола ва дигаре 42-сола ба ҳалокат расиданд.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, садамаи аввал дар деҳаи Қосимободи ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
Гуфта мешавад, ки ронандаи “БМВ”, сокини 40-солаи шаҳри Душанбе, дар роҳи дуюмдараҷа ба роҳи асосӣ баромада, ба мошини “Опел-Астра”, таҳти идораи сокини 27-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрда, чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили “Опел-Астра”, зани 38-сола, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Садамаи маргбор дар роҳи Бохтар - Данғара: ду тан ҳалоку се тан захмӣ шуд
Ҳамчунин, дар паи ноуҳдабароии ронандаи "Опел-Вектра" як зан ҳалок ва як мард бистарӣ шудааст.
Ин садамаи фоҷиабор дар шаҳри Душанбе рух додааст.
Гуфта мешавад, сокини 32-солаи шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Б.Абай пойтахт, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: як зани 42-сола ва як марди 63-соларо, ки ҳарду сокинони Душанбе ҳастанд, пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагардон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Садамаи маргбор дар пайи бархӯрди "Opel" бо "Shacman" дар Хатлон
Зан аз зарби ҷароҳати бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз вазъи саломатии марди ҷароҳатбардошта гузориш надодааст.
Лентаи хабарҳо
0