Мақомоти Суғд за мувафақият ва дастовардҳои “Ширкати кӯҳӣ –саноати Тоҷикистону Чин” гуфт

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдРаджаббой Ахмадзода на предприятии
Раджаббой Ахмадзода на предприятии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Иқтидори “Ширкати кӯҳӣ –саноати Тоҷикистону Чин” дар вилояти Суғд ба 11 миллион тонна коркарди маъдан дар як сол баробар аст
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Ахиран Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба муносибати 15 - солагии таъсисёбии “Ширкати кўҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой” гуфт дар ин давом ин киохона ба дастоварду маувафақиятҳои назаррас ноил шудааст.
Вай гуфт, дар корхона коркарди маъдан ва истеҳсоли консентрати сурб, руҳ ва хокаи мис ба роҳ монда шуда, хатти аввали ширкат дар замони ифтитоҳ бо иқтидори 300 ҳазор тонна маъдан дар як сол ба кор оғоз намуда буд. Сипас бо бунёди ду сехи иловагӣ дар соли 2020 иқтидори корхона ба 11 миллион тонна коркарди маъдан дар як сол баробар гардид.
Производство антисептиков в Таджикистане   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Дар шаш моҳ дар вилояти Хатлон 48 корхонаву коргоҳ таъсис ёфт
Айни замон, шумораи миёнаи кормандони ба фаъолияти истеҳсолӣ машғулбудаи корхона, мувофиқи маълумоти оморӣ ба санаи 1 майи соли равон 2 ҳазору 681 нафарро ташкил медиҳад ва 75 фоизи коргарон сокинони маҳаллӣ мебошанд.
“Музди миёнаи кормандони корхона тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ - майи соли равон 3 ҳазору 133 сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 243 сомонӣ зиёд шудааст”,- таъкид кардааст Аҳмадзода.
Ҳамзамон таъкид карда шудааст, ки ба корхонаи мазкур дар давоми моҳҳои январ - майи соли 2022 барои таъмир ва пешрафти истеҳсолот ба маблағи 35,8 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар моҳи май 15 миллиону 260 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.
Нишондиҳандаҳои “Ширкати кўҳӣ - саноатии Тоҷикистону Хитой” дар соли 2021 хеле назаррас буд ва дар ин давра, иҷрои нақшаҳои солонаро корхона нисбати соли 2020 бо нархҳои муқоисавӣ 156,6 фоиз таъмин намуд.
Лентаи хабарҳо
0