Соҳибкорони ӯзбек дар Суғд гармхонаи миллиондолларӣ месозад

© Sputnik Помидоры в теплице
Помидоры в теплице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд бо соҳибкорон аз Ӯзбекистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард. Ҷонибҳо азм доранд, ки ташкили корхонаҳои муштаракро бештар кунанд
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Соҳибкорони ӯзбек бо сармоягузории беш аз 1 млн доллар дар хоҷагии деҳқонии "Темурҷон"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гармхонаи замонавӣ месозанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд хабар дода, афзудааст, ки масъалаи мазкур дар мулоқоти раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкор Назирҷон Қодиров баррасӣ шудаст.
Зикр гардидааст, ки хоҷагии мазкур наздик 5 гектар заминро дар ихтиёр дорад.
Аҳмадзода аз ташаббуси неки тарафҳо изҳори хушнудӣ намуда, изҳори боварӣ кардаст, ки соҳибкорони тоҷику ӯзбек дар оянда низ аз имкониятҳои мавҷуда барои боз ҳам рушд бахшидани ҳамкориҳо истифода мекунанд.
Президент Узбекистана принял посла Республики Таджикистан Абдужаббора Рахмонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Сафир: Ӯзбекистон миёни шарикони тиҷории Тоҷикистон ба зинаи 4-ум баромад
Ин дар ҳолест, ки қаблан аз иқдоми соҳибкорони тоҷику ӯзбек барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахши дорусозӣ, сайёҳӣ, нассоҷӣ, мошинсозӣ, хоҷагии қишлоқ ва ғайра хабар дода шуд.
Шариф Раҳимзода, собиқ вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва роҳбари феълии Пажуҳишгоҳи иқтисоду демографияи Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ барои таҳкими ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон, ташкили кластерҳо дар бахши агросаноатӣ ва саноати масолеҳи сохтмонӣ, инчунин дар бахши туризм дар минтақа асоснок карда шавад.
Ташкили ширкатҳои лизингӣ барои таъмини хоҷагидорҳо бо техникаю таҷҳизот аз пешниҳодҳои дигари Раҳимзода мебошанд.
Дар бахши бонкӣ бо мақсади дастгирии корхонаҳои муштараки таъсисшаванда, инчунин ҷалби захираҳои молиявии муваққатан озод дар ҳудуди кишварҳо намояндагиҳо ва филиалҳои бонкҳо таъсис дода шаванд, зарур хонд вай.
Лентаи хабарҳо
0