Русия ғалла, хӯроки чорво ва рӯғани офтобпарастро бо рубл мефурӯшад

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузаштан ба хазинаи аксПачки с банкнотами номиналом одна тысяча рублей
Пачки с банкнотами номиналом одна тысяча рублей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Боҷи содиротии рӯғани офтобпараст баландтарин буда, барои як тонна аз он 82,5 ҳазор рубл муқаррар шудааст. Ҳамчунин ғалла низ бо пули русӣ фурӯхта мешавад
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Ҳукумати Русия қарореро тасвиб кард, ки ҳисобкунии боҷи содиротии ғалла, равғани офтобпараст ва хӯроки чорво ба ҷои доллар ба рубл гузаронида мешавад, хабар медиҳад Ura.ru.
"Нархи базавӣ барои ҳисоб кардани боҷи содиротии гандум ба ҷойи 200 доллар, 15 ҳазор рубл, ҷав ва ҷуворимакка бошад ба ҷойи 185 доллар, 13 875 рубл муқаррар карда мешавад", - омадааст дар қарор.
Ҳамчунин барои кунҷола низ 13 875 рубл муқарар шудааст. Боҷҳои содиротии равғани офтобпараст баландтарин - 82 500 рубл барои як тонна хоҳад буд.
Қаблан Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ хабар дода буд, ки “маҳдудиятҳои Иттиҳодияи Аврупо воридот ва ҳамлу нақли колоҳои кишоварзӣ аз Русия ва ҳамчунин содироти тухмӣ аз он ба кишварҳои сеюмро манъ намекунад”.
Сотрудник газодобывающего предприятия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Беларус дар пардохти нархи газ ба рубли русӣ мегузарад
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Русия, Владимир Путин рӯзи 23 март дар бораи гузариши пардохти ҳақи газ ба рубл бо ИА ва дигар давлатҳое, ки алайҳи ФР таҳрим ҷорӣ кардаанд, дастур дода буд. Фармони дахлдорро сарвари давлат рӯзи 31 март ба имзо расонд.
То ҳол ба далели саркашӣ аз иҷрои ин талабот, ширкати русии "Газпром" интиқоли маводи сӯхт ба Финландия, Лаҳистон ва Булғористонро қатъ кард.
Лентаи хабарҳо
0