Муҳоҷирони Красноярскро рӯҳониёну пулис зери назорат мегиранд

© Sputnik / Anton SkripunovВерующие ждут начала праздничной молитвы по случаю Курбан-байрама в Московской соборной мечети. 21 августа 2018
Верующие ждут начала праздничной молитвы по случаю Курбан-байрама в Московской соборной мечети. 21 августа 2018  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар ин вилоят байни пулис ва Идораи динии мусалмонон созишнома оид ба ҳамкорӣ дар самти гузаронидани корҳои тарбиявӣ байни муҳоҷирон ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар вилояти Красноярск созишномаи ҳамкорӣ миёни пулис ва Идораи ягонаи динии мусалмонон ба имзо расид, хабар медиҳад Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар ин минтақа.
Ҳуҷҷати дахлдорро роҳбари дастгоҳи марказӣ Александр Речитский ва раиси созмони динӣ, узви Шӯрои ҷамъиятии назди Вазорати корҳои дохилӣ Гаяз Фаткуллин имзо карданд.
Ҳамин тариқ, кормандони пулис ва идораи рӯҳониён дар байни муҳоҷирон чорабиниҳои муштараки фарҳангиву маърифатӣ мегузаронанд. Онҳо ба таҳкими тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин таҳсили шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия қарор доранд, равона карда шудаанд.
Санҷиши қонунӣ будани ҳузури муҳоҷирон дар Русия
Гуфта мешавад, ки созишнома бояд дар татбиқи сиёсати давлатии муҳоҷират мусоидат кунад.
Чунин ҳамкориҳо инчунин ба мутобиқшавӣ ва ҳамгироии муҳоҷирон дар ҷомеаи Русия мусоидат хоҳад кард. Муносибати нав имкон медиҳад, ки ҳамкории байни шаҳрвандони хориҷӣ ва ҷомеаи Русия ба роҳ монда шавад.
"Ҳамкорӣ инчунин бояд аз муноқишаҳо бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ пешгирӣ кунад, ба ташаккули системаи корӣ мусоидат кунад", - омадааст дар хабарнома.
Илова бар ин, ҳамкорӣ муборизаи муассир алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар қаламрави Русияро ба роҳ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0