Кишоварзони Муъминобод нархи меваро дар бозорҳо арзон карданд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевФрукты на рынке Мехргон
Фрукты на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бо ҷамъ овардани ҳосили меваҷот дар ноҳияи Муъминобод арзиши ин маҳсул дар бозорҳои кишвар нисбатан бо нархи арзон фурӯхта мешавад
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар ноҳияи Муъминобод имсол ҳосили боғу токзорҳо ҳудуди ду баробар афзудааст, хабар медиҳад агентии "Ховар".
Дар ин ноҳия садҳо гектар боғҳои мевадиҳанда мавҷуданд, ки ҳосилнокии онҳо нисбат ба солҳои қаблӣ афзун гардид.
Манбаъ меафзояд, маҳз ҳосили хуби боғу токзорҳои ин ноҳия нархи меваҷотро дар бозору мағозаҳо арзон кард.
Зикр гардид, ки агар нархи як кг гелос қаблан 13 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло сокинон онро ба қимати 5 сомонӣ харид мекунанд.
Ҳамчунин нархи як кг олу ҳам аз 8 ба 2,5 ва ҳамин миқдор зардолу аз 4 ба ду сомонӣ арзон шуд.
Курбон Хакимзода, заседание по сельскому хозяйству  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Содироти маҳсулоти кишоварзии Хатлон ба хориҷ коҳиш ёфт
Ба ҷузъ аз таъмин намудани талаботи бозорҳои дохилӣ, кишоварзони ноҳияи Мӯъминобод бо корхонаҳои коркарди мева низ шартнома бастанд.
Дар ҳамин ҳол, қаблан раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз коҳиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, то моҳи май аз шаҳру ноҳияҳои вилоят 5349,8 тонна маҳсулот, аз ҷумла 720 тонна тавассути роҳи оҳани вилоят содирот шудааст, ки нисбати соли гузашта 4271,6 тонна кам аст.
Қурбон Ҳакимзода изҳори итминон кард, ки кишоварзони вилояти Хатлон бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда барои ба даст овардани дастовардҳои беҳтарини истеҳсолӣ тамоми қувваи қобили меҳнатро сафарбар намуда, дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро мегузоранд.
Лентаи хабарҳо
0