Паҳлавони ҷавони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё медали нуқра ба даст овард

© НОК ТаджикистанаЮный таджикский борец выиграл серебряную медаль на Чемпионате Азии
Юный таджикский борец выиграл серебряную медаль на Чемпионате Азии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Варзишгар дар байни наврасони то 15-сола ҳунарнамоӣ кард, рақибонаш аз Қирғизистон, Қазоқистон ва Ҳиндустонро шикаст дод, вале аз паҳлавони эронӣ шикаст хӯрд
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Алиризо Баҳромов, варзишгари ҷавони Тоҷикистон, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба куштӣ медали нуқра ба даст овард. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Баҳромов миёни куштигирони то 15-сола дар вазни то 68 кило қувваозмоӣ кард. Варзишгари тоҷик се рақибашро шикаст дода, ба финал баромад.
Ба ин тартиб, узви тими миллӣ бар Элхан Ермеков аз Қирғизистон ва Ербол Маратули аз Қазоқистон пирӯз шуд. Баҳромов дар даври ниманиҳоӣ бар паҳлавони Ҳиндустон Нишант Рухил пирӯз шуд. Вале дар финал бахт ба варзишкори ҷавон омад накард. Ӯ аз Ризо Алиакбари Афшор шикаст хӯрд ва натавонист медали тиллоро ба даст оварад.
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Куштигирони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии Осиё ду медал гирифтанд
Аз 2 то 10 июл дар шаҳри Манами Баҳрайн Чемпионати Осиё оид ба куштӣ миёни наврасон (то 15-сола) ва ҷавонон (то 20-сола) баргузор мешавад.
Дар ин мусобиқа тими миллии Тоҷикистонро 8 куштигир – 5 наврас ва 3 ҷавон намояндагӣ мекунанд. Як руз қабл ниш паҳлавонони кишвар натоиҷи хуб нишон доданд.
Исоҷон Нураҳмадов, ки дар вазни то 68 кило ҳунарнамоӣ кард, медали нуқра ва Муҳаммад Абдуҳакимзода дар вазни то 62 кило медали биринҷӣ гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба куштӣ як мусобиқаи қитъавӣ оид ба куштии озод ва юнониву румӣ барои варзишгарони кишварҳои Осиё мебошад. Он аз соли 1979 гузаронида мешавад.
Мусобиқаҳо байни занон оид ба куштии озод аз соли 1996 баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0