Сабти фиребкории дигар дар бозори манзил. Қарори раиси Душанбе хонахарҳоро ҳимоя мекунад?

© Pixabay/skorchanovСтроительство
Строительство - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сокини Бохтар иддао дорад, ки барои гирифтани хона дар бинои навбунёде дар маркази Душанбе беш аз 70 ҳазор доллар дод, аммо манзили истиқоматиро нагирифтааст
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Зани 34-сола аз шаҳри Бохтар ба идораи милиса дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат карда, арз доштааст, ки зимни хариди хона фиреб хӯрдааст.
Ба иттилои ВУД Тоҷикистон, муроҷиаткунанда арз доштааст, ки марди 38-сола ба боварияш даромада, 70,8 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, ба иваз хонаи истиқоматӣ аз бинои навбунёд дар хиёбони Рӯдакӣ ваъда кардааст. Таъкид шудааст, ки муттаҳам то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки барои ҳимояи манфиати хонахарҳо ва ҷилавгирӣ аз кашолакорӣ дар сохтмони биноҳо тартиби нави иҷозатномадиҳиро ҷорӣ намудаанд.
Аз ҷумла муқаррар шудааст, ки суратҳисоби ҷории алоҳида дар бонкҳои муваффақ барои ҷамъоварии маблағи ҳиссагузорон бояд кушода шавад.
Движение транспорта по проспекту Рудаки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2022
"Хонахарҳо дар марказ ду мошинӣ доранд": раиси кумита аз мушкили таваққуфгоҳҳо гуфт
Бар асоси талаботи ҷадид, ширкатҳои сохтмонӣ барои гирифтани иҷозати бунёди ин ё он иншоот, бояд маълумотнома дар бораи қарздор набудан аз андоз пешниҳод кунанд. Доштани маблағ дар суратҳисоби бонкӣ дар ҳаҷми ҳадди ақал 20%-и арзиши бинои бунёдшаванда, аз талаботи дигар мебошад.
Ба ширкатҳое, ки бори аввал ба корҳои сохтмонӣ машғул мегардад, сохтмони танҳо як бино иҷозат дода мешавад, то сатҳи масъулиятнокӣ ва иҷрои сарвақтии уҳдадориҳо санҷида шавад.
Таъкид шудааст, ки бунёди маҷмааи биноҳо танҳо ба ширкатҳои сохтмонии таҷрибадору дорои заминаи моддию техникӣ иҷозат дода мешавад, ки гардиши солонаашон на кам аз 50 млн сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин ҳушдор дода шудааст, ширкатҳои сохтмоние, ки бе иҷрои пардохти ҳатмӣ корҳои сохтмониро оғоз кардаанд, ё худсарона объект ё ошёнаи зиёдатии ғайрилоиҳавӣ сохтаанд, ё беасос ба муҳлати зиёда аз 6 моҳ ба истифода додани иншоотро кашол медиҳанд, “ширкати сохтмонии дорои мушкилот” шинохта хоҳад шуд.
Манбаъ афзуд, ки барои чунин ширкатҳо таҳияи қарор дар мавриди лоиҳакашӣ ва сохтмонҳо рад карда хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0