Ҷопониҳо барои видоъ бо Синдзо Абэ навбатпоӣ мекунанд - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Токио маросими дафни сарвазири собиқи Ҷопон Синдзо Абэ баргузор мешавад. Мардум барои видоъ бо ин сиёсатмадор ба тӯли чандин киломерт дар навбат истодаанд
Маросими дафни сарвазири собиқи Ҷопон Синдзо Абэ рӯзи 12 июн дар маъбади Зоҷоҷии буддоӣ дар Токио баргузор мешавад.
Ба ҷони сиёсатмадор рӯзи ҷумъаи гузашта ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Нара суиқасд сурат гирифт ва ӯ аз захми ду тир кушта шуд.
Маросими видоъ бо сарвазири собиқ дар Токио як рӯз пеш, бо дархости хонавода, танҳо наздиктарин афрод ҳузур доштанд, маросими дафн ва сӯзондан аз рӯи анъана рӯзи дигар баргузор мешавад.
Дар маросими видоъ рӯзи душанбе дар назди маъбад аксҳои сиёсатмадори марҳум гузошта шуд. Мардум барои видоъ бо Абэ чандин километр навбат истодаанд. Аксарият дар даст гули довудии сафед доштанд, Нафароне, ки бе гул меомаданд маъмурони маъбад онҳоро бо дастагул таъмин карданд.
Дар марги Абэ муҳофизонаш ҳам "гунаҳкоранд"
Синдзо Абэ рӯзи ҷумъа ҳангоми гирдиҳамоии интихоботӣ дар шаҳри Нара мавриди ҳамла қарор гирифт. Ҳамлагар Тесуя Ямагами ҳангоми суханронии сиёсатмадор бо силоҳи худсохт ба пушти сарвазири собиқ ду маротиба тир холӣ кард. Кормандони милитсия ҷинояткорро дар ҷои ҳодиса дастгир карданд, ҳоло ӯ нишондод медиҳад.
Синдзо Абэ ду захм гирифт - аз гардан ва қафаси сина. Ӯро ба бемористон бурданд, аммо ҳама талошҳои табибон барои наҷоти ҷони ӯ бенатиҷа анҷом ёфт.
Марги фоҷиабори сиёсатмадори барҷаста: аксҳои ҷолиб аз зиндагии Абэ
Давраи Синдзо Абэ дар мақоми нахуствазирӣ тӯлонитарин дар таърихи Ҷопон буд - ҳашт солу ҳашт моҳ, сиёсатмадор аз ҷумла ҳалли масъалаҳои қаламравӣ ва бастани шартномаи сулҳ бо Русияро ҳадафи худ қарор додааст.
Лентаи хабарҳо
0