Раҳмон гуфт, кай ва аз куҷо барои анҷоми сохтмони "Роғун" пул ҷалб мешавад

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе дар майдони сохтмони "Роғун"
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе дар майдони сохтмони Роғун - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон муътақид аст, дар баробари маблағҳои буҷети давлатӣ аз оғози соли оянда сармояи хориҷӣ низ ба "Роғун" сарозер хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Масъалаи ҷалби маблағ барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" то охири соли равон ниҳоӣ хоҳад шуд, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбат бо сохтмончиёни ин нерӯгоҳ.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кард, ки ҳамаи корҳои вобаста ба ҷалби маблағҳо барои ба итмом расонидани сохтмон то охири соли равон дар ҳамкорӣ бо ташиклотҳои молиявии байналмилалӣ анҷом меёбанд.

"Соли 2023 маблағгузорӣ аз ҷониби шарикони рушд ва дигар ташкилотҳои молиявӣ оғоз мегардад", - изҳори бовар кардааст ӯ.

Вай таъкид намуд, ки ҳукумати мамлакат илова ба маблағгузории ҳамасолаи сохтмони нерӯгоҳ аз буҷети давлатӣ, инчунин бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ кор бурда истодааст.
Дар зимн ӯ масъулини нерӯгоҳ ва мақомоти дахлдорро вазифадор кардааст, ки барои суръат бахшидани корҳои сохтмонӣ, дар соли 2023 зиёд намудани шумораи ширкатҳо ва кормандон дар асоси озмун ва бо риояи талаботи байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Раҳмон бар он аст, новобаста аз буҳрони иқтисодиву таҳримҳо НБО “Роғун” бояд сохта шавад
Вай зикр намуд, ки дар маҷмуъ барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмону васлгарии нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" тайи солҳои 2008-2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 31 млрд сомонӣ равона шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки дар соли равон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ боз 2,6 миллиард сомонӣ равона мегардад.
Лентаи хабарҳо
0