Завқизода аз афзоиши гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИИАО хабар дод

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксФлаг с символикой Евразийского экономического союза (ЕАЭС)
Флаг с символикой Евразийского экономического союза (ЕАЭС) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Таъомули Тоҷикистон бо аъзои ИИАО дар қолаби гуногунҷанба сурат мегирад, дар ҳоле ки онҳо чун шарикони бузургтарини тиҷоратӣ боқӣ мемонанд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Тоҷикистон гардиши молро бо кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё афзоиш медиҳад.
Дар ин бора Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт.
"Ба шарофати сиёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон равобити ҷумҳурӣ бо кишварҳои узви ИИАО ба таври доимӣ инкишоф меёбад", - гуфт раҳбари Вазорати рушди иқтисод.
Ӯ тасдиқ кард, ки бузургтарин шарикони тиҷоратии ҷумҳурӣ маҳз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошанд.
Ба таъкиди мавсуф, суръати гардиши савдои дуҷониба пайваста афзоиш меёбад ва кишвар ҳамкориҳоро ба таври густурда дар ин замина ба роҳ мондааст.
Ба гуфтаи вай, гардиши молии Тоҷикистон бо бархе аз кишварҳои узви иттиҳод 43% афзоиш ёфтааст.
Уровень инфляции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Коҳиш ё афзоиш: бо вуруди Тоҷикистон ба ИИАО ба нархҳо чӣ мешавад?
Вай ҳамчунин гуфт, ки як гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст, ки дар он масъалаи ҳамкориҳо бо аъзои ЕАЭО ҳамаҷониба омӯхта мешавад.
ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки аъзои он Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон мебошанд.
Созишнома дар бораи таъсиси иттиҳодия дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва фазои ягонаи иқтисодии Федератсияи Русия, Беларус ва Қазоқистон, ки дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) фаъолият мекунанд, соли 2014 ба имзо расида буд.
Лентаи хабарҳо
0