Баҳою эътимоди русиягиҳо ба Путин маълум шуд

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин принял участие в шестом Каспийском саммите
Президент РФ В. Путин принял участие в шестом Каспийском саммите - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бовари сокинони Русия ба раисҷумҳурашон дар моҳи июл омӯхта шуда, пажуҳишгарон ҳамчунин аз баҳои шаҳрвандон ба кори роҳбари давлат пурсидаанд
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин наздики 80%-и сокинони кишвари таҳти идорааш бовар доранд, бармеояд аз натиҷаҳои назарпурсие, ки бунёди "Афкори омма" гузарондааст.
Бар асоси ин пажуҳиш, 79%-и пурсидашуда қотеона таъкид кардаанд, ки ба президенти Русия бовар доранд. Ҳудуди 13% изҳор доштаанд, ки бештар ба посухи "бовар надоранд" моиланд. Боқимонда дар додани посух ба ин суол дучори мушкил шудаанд.
Дар мавриди баҳои сокинон ба кори Владимир Путин, таъкид шудаст, ки 81%-и пурсидашудаҳо изҳор доштаанд, ки ӯ дар мақоми роҳбари давлат "хуб кор мекунад".
Аз кори Путин дар ин симмат 10% розӣ нестанд ва баҳояшонро ба фаъолияти ӯ манфӣ арзёбӣ кардаанд. Ҳудуди 9%-и дигар дар баҳогузории кори раисҷумҳури Русия дучори мушкил шудаанд.
Президент Сербии Александр Вучич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Вучич гуфт, агар Ғарб шартҳои Путинро қабул накунад, ҳамаро ҷаҳаннам интизор аст
Тавзеҳ дода шудааст, ки назарпурсиии бунёди "Афкори умум" 10 июл гузаронда шуда, хулосаҳои мазкур бар асоси назари беш аз 1,5 ҳазор нафари аз 18-сола боло дар 104 маҳали аҳолинишин дар 53 минтақаи Русия ҳосил шудааст.
Қаблан устоди Пажуҳишгоҳи менеҷменти коммуникатсионӣ Марат Баширов далели афзоиши ҷонибдорӣ аз Путинро тавзеҳ дода буд. Ӯ гуфт, русиягиҳо ҳадафи амалиёти низомиро дарк мекунанд ва ҳар қадаре иттилоъ дар бораи амали воҳидҳои миллатгарои украинӣ бештар нашр шавад, ҳамон қадар ҷонибдорӣ аз Путин афзоиш меёбад.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Лентаи хабарҳо
0