Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини Варзоб: Лексусҳоро "бепул" гирифт

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузаштан ба хазинаи аксИзбрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных
Избрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сокини ноҳияи Варзоб дар қаллобии нисбатан калон гумонбар мешавад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кард
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сокини 26-солаи ноҳияи Варзобро бо гумони қаллобӣ дастгир кардаанд.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин мард дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ боздошт шудааст ва дар қаллобӣ айбдор мешавад.
Гуфта мешавад, ки номбурда бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада аз се автомашинаи гаронарзиш гирифтааст.
Ӯ мошинҳои тамғаи “Лексус РХ” “Лексус 470” ва “Тойота Камри”-ро ба маблағи 410 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, ваъда додааст, ки баъди як моҳ маблағро бармегардонад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Боздошти ду корманди баландмақоми ВКД дар Хатлон
"Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Чунин ҳодисаи монанд бо сокини 22-солаи ноҳияи Рӯдакӣ низ рух додааст.
Сокини шаҳри Ҳисор ба бовари ӯ даромада "БМВ Х5"-ашро 183 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтааст.
Ошкор шудани заминфурӯшӣ дар шаҳри Турсунзода
Ва ваъда додааст, ки маблағашро дар мудати кӯтоҳ пардохт менамояд, аммо ба ваъдааш вафо накардааст.
ВКД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса низ тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0