Поёни вобастагӣ: дар Тоҷикистон корхонаҳои нуриҳои минералӣ фаъол мешаванд

© Pixabay/PascviiУдобрение земли
Удобрение земли - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон феълан ҳеҷ корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ надорад ва кишоварзони кишвар соли равон шоҳиди болоравии рекордии нархи ин навъи маҳсулот гардиданд
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Ду корхонаи бузурги тавлиди нерӯҳои минералӣ дар Тоҷикистон дар остонаи шуруъи фаъолият қарор доранд, хабар дод Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, “Осиё Кемикал”, собиқ “Азот”, ширкати бузурги тавлидкунандаи нуриҳои азотӣ пас аз чанд соли бефаъолиятӣ, қарор аст, тирамоҳи соли равон истеҳсолотро ба роҳ монад.
Ширкат бар пояи таҷҳизоти украинӣ навсозӣ шуда, як қисми таҷҳизот дар шаҳри Сумии кишвари Украина истеҳсол мешаванд, ки хушбахтона, он ҷо амну оромист, гуфт ӯ.
"Ман шахсан бо он ҷониб дар музокира ҳастам. Ҳар қадар, ки таҷҳизотро зуд омода кунанд, ҳамон қадар модернкунонии корхона зудтар ба анҷом мерасад", - афзуд Шералӣ Кабир.
Бухгалтерский учет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Дар ҳар ноҳия 20 корхонаи саноатӣ: Шералӣ Кабир "бизнес-план"-ҳоро пешниҳод мекунад
Ӯ гуфт, тибқи нақшаи корӣ, дар навбати аввал тақрибан 90 ва дар навбати дигар 180 ҳазор тон нуриҳои азотӣ, назири карбамиду селитраро дар сол истеҳсол хоҳад кард.
Вазири саноат ва технологияҳои нав аз тарҳи дигаре, ки аз сӯи ширкати “Талко кемикал” дар ҳоли анҷомёбист, суҳбат карда, гуфт, қарор аст, ин ширкат истеҳсоли нуриҳои фосфорӣ, аз қабили суперфосфат ва нутрифосфатро ба роҳ монад.
“Тамоми таҷҳизот аз хориҷи кишвар – Русияву Ӯзбекистон ворид карда шудааст. Тибқи нақшаи корӣ, то моҳи сентябри соли равон ин корхона низ фаъолияти худро шурӯъ хоҳад кард", - гуфт ӯ.
Вай тавзеҳ дод, ки заминаҳои истеҳсоли нуриҳои калийдор дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва онҳо бояд аз Белорусу Русия, ки бозигарони бузурги майдони ин тиҷорат дар ҷаҳонанд, ворид карда шаванд.
Ин дар ҳолест, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳеҷ корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ фаъолият надорад ва соли равон дар пайи бебандубориҳои бозор кишоварзони кишвар шоҳиди болоравии рекордии нархи ин навъи маҳсулот тайи солҳои ахир буданд.
Тибқи иттилои расмӣ, Тоҷикистон барои заминҳои корамаш, ки дар дурнамо беш аз 700 ҳазор гектар арзёбӣ шудааст, ба ҳудуди 750 ҳазор тон нурии минералӣ эҳтиёҷ дорад, то ҳосилнокии зарурӣ фароҳам шавад.
Продовольственная ярмарка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Бурду бохти Тоҷикистон дар шароити таҳримҳо: шарҳи вазир
Нуриҳои минералӣ ба се навъ – калийдор, фосфорӣ ва азотӣ тақсим мешаванд, ки кишоварзони Тоҷикистон ба ҳамаи онҳо ниёз доранд. Дар ҳоли ҳозир, ин кишвар тамоми нуриҳои минералиро аз хориҷ ворид мекунад.
Тайи ним соли равон, бино ба додаҳои расмӣ, 84,2% ё қисмати умдаи нерӯҳои минералӣ ба Тоҷикистон аз Ӯзбекистон, 7,0% аз Қазоқистон, 5,0% аз Русия ва бақия 3,8% аз дигар кишварҳо ворид шудааст.
Нобасомниҳое, ки пас аз буҳрони Украина дар бозори ҷаҳонии нерӯҳои минералӣ ба миён омад, нархи ин маҳсулотро дар Тоҷикистон низ ба таври назаррас боло бурд. Агар як соли пеш дар мавсими киштукор як халтаи селитра 150 то 200, ё карбамид аз 200 то 250 сомонӣ буд, ин нархҳо як баробар зиёд шуданд. Дар пайи ин талабот дар дохили кишвар низ пойин омад.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, тайи ним соли ахир 87,9 ҳазор тон нурии минералӣ ба маблағи 29,2 млн доллар бо нархи миёнаи 333 доллар барои як тон ворид карда шудааст.
Сотрудник предприятия ООО Бактрия Слейт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Мақомот гуфтанд, дар шаш моҳ чанд корхона дар кишвар фаъолият накард
Воридот дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 55,9 ҳазор тон (87,9 - 143,1) ё 62,8% кам шуда, арзиши миёнаи як тон ҳам 131 доллар афзудааст. Ҳатто теъдоди ширкатҳое, ки бо воридоти нерӯҳои минералӣ машғул буданд, аз 72 ба 49 адад коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон бозори воридоти нуриҳои минералӣ дар кишварро рақобатпазир унвон мекунад. Бино ба иттилоъи ин ниҳод, ширкатҳои “Некроҳ 2014” (20,7%), “Хонаи савдои Тоҷикистону Ӯзбекистон” (22,0%), “Истиқлолияти диёр” (14,1%) ва “Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” (8,2%) қисмати аслӣ ва бақия 35,0%-и онро ворид мекунанд.
Ба ҳамин минвол, баробари шурӯъи фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон ин кишвар ниёзҳои худро аз ду навъи ин маҳсулот – азотӣ ва фосфорӣ бароварда карда, ба содиркунандаи онҳо низ табдил хоҳад ёфт.
Лентаи хабарҳо
0