Ҷамъбасти савдо дар биржаи Маскав: қурби доллар афтид

© Sputnik / Владимир ТрефиловМонеты номиналом один рубль.
Монеты номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар лаҳзаҳои ҷамъбастии додугирифти асъор дар биржаи Маскав рубл тамоюли устуворшавиро идома дода, арзиши доллару евро коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Пули Русия дар ҷамъбасти рӯз тамоюли устувориро идома дода, то ба 55 рубл сари ҳар доллар расидаст.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба додаҳои биржаи Маскав хабар дода, афзудаст, ки поинравии қурби доллар 4 рӯз боз идома дорад. Арзиши доллар ба ҳисоби "фардо" то ба 55,03, евро 56,31 рубл расидааст.
Маврид ба зикр аст, ки Бонки марказии Русия қурби расмии доллар ва евро нисбат ба рублро дар рӯзҳои корӣ бо такя ба қурби бозорӣ дар Биржаи Маскав муайян мекунад.
Дигарбора рӯй ба устуворӣ ниҳодани рубл дар ҳоле сурат мегирад, ки қурби мусоиди доллар барои иқтисоди Русия дар сатҳи 70-80 рубл арзёбӣ мешавад, изҳор дошт ахиран ноиби аввали сарвазири ФР, Андрей Белоусов.
Пачки с банкнотами номиналом одна тысяча рублей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2022
Русия ғалла, хӯроки чорво ва рӯғани офтобпарастро бо рубл мефурӯшад
Ӯ гуфт, ҳукумати Русия талош дорад, то қурби долларро дар сатҳи мусоид расонад. Белоусов шарҳ дод, василаҳое, ки барои устувории рубл дар шароити қурби шинокунанда мусоидат мекарданд, феълан амалан муассир нестанд.
"Сабабаш масдудсозии захираҳои Бонки Русия ва дар натиҷа лағви қоидаҳои буҷетӣ мебошад", - тавзеҳ дод Белоусов.
Дар зимн асъори миллӣ бояд то сатҳи мусоид ҳарчи зудтар поин равад, таъкид намуда буд ноиби сарвазири Русия.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина дар моҳи феврали соли равон қурби рубл то ба ҳадди бесобиқа поин рафт, аммо баъдан рӯй ба устуворӣ ниҳод. Феълан арзиши рубл дар баробари доллар ва евро майли поинравӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0