То 46 дараҷа гарм мешавад: ҳушдори обуҳавошиносони тоҷик

© Sputnik / Стас ЭтвешДевушки с веером в Таджикистане
Девушки с веером в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки дар баъзе аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Тибқи иттилои ин агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 23 дараҷа гарм, рӯзона то 39 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона то 10 дараҷа гарм ва рӯзона то 27 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд бошад ҳавои софи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 23 дараҷа гарм, рӯзона то 43 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 15 ва рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2022
Ҳушдори Раҳмон аз оқибатҳои гармӣ ва мушкили нави ҷаҳонӣ
Дар вилояти Хатлон ҳам ҳавои софи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 27 дараҷа ва рӯзона то 46 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона то 24 дараҷа ва рӯзона то 40 дараҷа гарм мешавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво софи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 25 дараҷа ва рӯзона то 44 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 18 дараҷа ва рӯзона то 39 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои софи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона то 23 дараҷа ва рӯзона то 43 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0