Интиқоди Фавзия Куфӣ: Кишварҳо ба толибон ришва медиҳанд

© AFP 2022 / JOHANNES EISELEВедущая защитница прав афганских женщин, писательница, бывший представитель Бадахшана Афганистана в парламенте страны Фавзия Куфи
Ведущая защитница прав афганских женщин, писательница, бывший представитель Бадахшана Афганистана в парламенте страны Фавзия Куфи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Фавзия Куфӣ, яке аз чеҳраҳои фаъоли сиёсӣ дар Афғонистон аз давлати Ӯзбекистон ба хотири даъвати гурӯҳи толибон ба нишасти байналмилалии Тошканд интиқод кард
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Фавзия Куфӣ, узви собиқи ҳайати музокиракунандаи давлати Афғонистон бо толибон ахиран аз давлати Ӯзбекистон ба хотири даъвати гурӯҳи толибон ба нишасти байналмилалии Тошканд интиқод кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
“Кишварҳо барои масун нигаҳ доштани худ аз ифротгароӣ Низомии ҷаҳонӣ ба толибон ришва медиҳанд", - гуфт хонум Куфӣ.
Ӯ дар ёддоште, ки дар сафҳаи твиттерии худ навиштааст, ҳушдор додааст ки ҷалби ризояти кӯтоҳмуддати як неруии низомӣ, бештар ба рушди ифротгароӣ дар минтақаи кумак хоҳад кард."
Фавзия Куфӣ, ки дар гузашта дар ду давра узви маҷлис намояндагон будааст, мегуяд даъват аз толибон ба нишасти Тошканд ба мардуми Афғонистон кумак нахоҳад кард.
Ин сиёсатмадори саршиноси Афғонистон, яке аз чаҳор узви ҳайати гуфтугӯкунандаи сулҳи Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо толибон дар Қатар буд.
Талибы стоят на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2022
Козимии Қумӣ гуфт, роҳи раҳоии Афғонистон аз буҳрон дар чист
ӯ дар гуфтугӯҳои сулҳ бо толибон аз мутолиботи занони Афғонистон намояндагӣ мекард.
Қарор аст, нишасти байналмилалии Тошканд, имрӯз 25 июл бо ҳузури намояндагони 20 кишвар ва бо меҳварияти Афғонистон оғоз шавад.
Ин нишасти рӯзи сешанбе низ давом хоҳад дошт. Ин нишаст дар остонаи як солагии вуруди толибон ба Кобул баргузор шудааст.
Рӯзи шанбе ҳайате аз толибон ба раёсати Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷаи ин гурӯҳ барои ширкат дар нишасти байналмилалии Тошканд озим Ӯзбекистон шуд.
Пеш аз ин Владимири Норов, сарпарасти вазорати умури хориҷаи Ӯзбекистон гуфта буд, ки нишасти Тошканд фурсате хоҳад буд то дар он масоили марбут ба Афғонистон ба гӯнаи ҳамаҷониба баррасӣ шавад.
ИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения Талибан* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения Талибан* Шахабуддин Делавар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Вазири хориҷаи толибон: Мушкилоти Афғонистон бо Тоҷикистон ҳал шуд
Бо он ки наздик ба як сол аз вуруди толибон ба Кобул мегузарад, ҳануз ҳеҷ кишваре давлати муваққати ин гурӯҳро ба расмият нашинохтааст.
Толибон бо ширкат дар нишастҳои дипломатики байналмилалӣ талош кардаанд заминаҳои расмияти давлати худро муяссару қаноати кишварҳои минтақаи ҷаҳонро ҷалб кунанд.
Ҳайати толибон дар ин нишаст низ талош хоҳанд кард ҳимояти бештари кишварҳои ширкаткунандаро ҷалб кунанд.
Дар муқобил, интизор меравад, ки кишварҳои Осиёи Миёнаи нигарониҳои худро дар мавриди таҳдидот, ки ин кишварҳо аз сӯйи Афғонистон дарёфт мекунанд, бо толибон дар миён бигузоранд.
Лентаи хабарҳо
0