Шумори сайёҳони хориҷӣ дар Суғд афзудааст: аз ҳама бештар ӯзбекону русҳо омадаанд

© Sputnik Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда
Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Аз миёни шаҳрвандони ҳудуди бист кишвари хориҷӣ аз ҳама бештар сайёҳони ӯзбекистонӣ ва русиягиҳо ба шимоли Тоҷикистон сафар кардаанд
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 4, 6 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба шаҳру навоҳии Суғд сафар кардаанд. Ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ як баробар афзудааст.
Абдумаҷид Раҳимов, сардори Идораи рушди сайёҳии Суғд дар нишасти матбуотӣ теъдоди аз ҳама бештари сайёҳон дар миёни кишварҳоро шарҳ дод.
Ӯ гуфт, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 1786 шаҳрванди Ӯзбекистон ва 1034 шаҳрванди Русия ба вилояти Суғд сафар кардаанд, ки рақами аз ҳама бештар дар шумори сайёҳони хориҷии ин вилоят шумурда шудааст.
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Сафари 363 ҳазор гардишгари хориҷӣ ба Тоҷикистон
“Меҳмонон аз дигар кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла Қазоқистон 301, Корея 42, Латвия 14, Нидерландия 17, Канада 24, Покистон 23, Сингапур 9, Лаҳистон 75, Озарбойҷон 14, Туркия 118, Украина 24, Фаронса 33, Ҳиндустон 54, Чин 299, Чехия 14, Шведсария 22, Эстония 23, ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 91 нафар, Ӯзбекистон 1786 ва Русия 1034 нафар ба Суғд сафар кардаанд” – афзуд, Раҳимов.
Дар Идораи сайёҳии Суғд омили афзояндаи шумори сайёҳон аз кишварҳои Ӯзбекистон ва Русия ба кишварро дар мустаҳкам будани равобити дӯстӣ ва тиҷоратӣ таъкид мекунанд.
Бар пояи иттилоъи расмӣ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми даромад аз ҳисоби хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳон дар Суғд ба 282 миллион сомонӣ расидааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ 28 миллион сомонӣ зиёд гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0