“Барои шаҳрвандии Русия”: сирри дигари афзойиши талоқ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Стас ЭтвешСсора, архивное фото
Ссора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон аз афроде, ки ба хотири шаҳрвандии Русия расман никоҳи худро қатъ мекунанд, интиқод карду ин амалро фоҷиа номид
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон сабабҳои дигари пошхӯрии хонаводаҳо дар кишварро номбар кард
Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон пошхӯрии хонаводаҳоро яке аз асоситарин мушкили ҷавонони кишвар хонда, афзуд, як теъдод ба таври расмӣ ҷудо мешаванд, аммо ба никоҳи мусулмонӣ зиндагӣ мекунанд.
“Як теъдод ба ин хотир, ки барои фарзандонашон нафақа гиранд, иддае ҳам барои гирифтани замин барои модарони танҳо. Ин омор хеле кам аст. Аммо ин иттилоъро низ дорем, ки дар аксар маворид ҷавонон никоҳи расмии худро бекор мекунанд, то дар Русия бо ягон нафари дигар хонадор шуда, шаҳрвандии он кишварро ба даст оранд”, - гуфт Абдулло Раҳмонзода.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ин амали ҷавононро маҳкум карда, гуфт, бо Кумитаи кор бо занон ва вазорати адлияи Тоҷикистон ин баррасиҳо низ вуҷуд доранд, ки механизми дақиқ кардани омори ин қабил ҷудошавии оилаҳоро аниқ кунанд.
“Омори дақиқ нест, аммо ин вазъ барои ҷомиаи суннатии мо фоҷиа аст. Нақши насли калонсол бояд барҷаста бошад. Бархе фикр мекунанд, ки кори хонадорӣ фардӣ аст, аммо аз нигоҳи ман чунин нест. Вақте ин маворид зиёд шуда, ба одобу ахлоқи ҷамъӣ табдил меёбад, хатарнок ва ба мушкили ҷомиа табдил мешавад”, - гуфт Абдулло Раҳмонзода.
Молодые люди сидят на лавочке в парке Рудаки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2022
Аз виҷдон на, аз қонун тарсад. Раиси Кумитаи дин "қарордоди издивоҷ"-ро пешниҳод кард
Қаблан Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҳукумати Тоҷикистон низ назариёти худро дар ин маврид изҳор карда буд.
Ин ниҳод мушкили пошхӯрии хонаводаҳоро раванди муҳоҷират, ноогоҳӣ ва масъулиятношиносӣ, бехабарӣ аз аҳкоми дину шариат ва одоби хонадорӣ унвон карда, аз ҷумла пешниҳод карда буд, ки низоми “қарордоди издивоҷ” бояд роҳандозӣ шавад.
Мушкили пошхӯрии оилаҳо дар Тоҷикистон хеле барҷаста шудааст. Омор ҳамасола аз афзойиши он шаҳодат медиҳад.
Бино ба иттилоъи вазорати адлияи Тоҷикистон, тайи нимсолаи соли равон дар Тоҷикистон 7 ҳазору 265 оила аз ҳам пошидаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 12 дарсад бештар аст. Соли 2021 ин рақам 6 ҳазору 477 оиларо ташкил мекард.
Лентаи хабарҳо
0