Шонси дигар ба донишҷӯшавандаҳо: ММТ аз озмуни тақсимоти такрорӣ хабар дод

© Sputnik Амир ИсаевВступительные экзамены в вузы, архивное фото
Вступительные экзамены в вузы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Маркази миллии тестии Тоҷикистон замони азнавбақайдгирии довталабон ва шарту шароити ширкат дар озмунро барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ эълон кард
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Аз 12 то 15 август дар Маркази миллии тестӣ азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои кишвар гузаронида мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии ММТ.
Аз довталабон интихоби дуруст талаб мешавад, чун дар давраи озмуни тақсимоти такрорӣ, довталаб аз рӯи баллҳои бадастовардааш ба гурӯҳи ихтисоси такрории интихобнамудааш номнавис карда мешавад.
Ин эълон ба довталабоне дахл дорад, ки ба озмуни тақсимоти асосии довталабон роҳ ёфтанд, лекин дар озмуни тақсимоти мазкур аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон, комёб нагардиданд.
Педагогический университет им Садриддина Айни, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон барои Чин муаллим омода мекунад
Ин дафъа, довталабон ба он ихтисосҳое тақсим карда мешаванд, ки шумораи ками донишҷӯён интихоб кардаанд.
Барои иштирок дар ин озмун довталабони мазкурро зарур аст, ки давоми рӯзҳои эълоншуда дар нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, варақаи бақайдгирӣ ё даъватнома ва рақами расиди пардохти маблағи иловагӣ худро аз нав номнавис кунанд.
Ин ниҳод мегӯяд, довталабон бояд фирефтаи қаллобон нашаванд, зеро озмуни тақсимоти такрорӣ низ, чун озмуни тақсимоти асосӣ, тавассути барномаи махсуси компютерӣ анҷом дода мешавад ва дар ин раванд низ ҳеҷ омили инсонӣ таъсир расонида наметавонад.
"Бори дигар таъкид менамоем, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории довталабон таъсире расонида наметавонад. Вобаста ба ин, аз довталабон ва падару модарон хоҳишмандем, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошанд ва ба доми фиребу ваъдаҳои қаллобон наафтанд", - афзудааст ин ниҳод.
Гуфта мешавад, агар довталабон ҳангоми азнавбақайдгирӣ комбинатсияҳои ихтисосҳоро бо дарназардошти сатҳи омодагии худ (натиҷаи имтиҳонсупориашон) ва интихоби дурусту мувофиқи ихтисосҳо дар рӯйхат ҷо ба ҷо кунанд, эҳтимолияти дар озмуни тақсимоти такрорӣ комёб шудани аксарият – қариб ҳамаи онҳо хеле зиёд аст.
Дар озмуни тақсимоти такрорӣ низ балҳои қаблан бадастовардаи довталабон ба назар гирифта мешавад, афзудааст ММТ.
Лентаи хабарҳо
0