Қатъи фаъолияти ҳазорҳо соҳибкор тайи 6 моҳ дар Тоҷикистон

© Lukas / pexelsМужчина в пиджаке, архивное фото
Мужчина в пиджаке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар ҳоле ки таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон майли афзоиш дорад, бархе аз соҳибкорон дар дохил фаъолияташонро қатъ кардаанд
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи ним соли аввали соли равон беш аз 3,6 ҳазор соҳибкор фаъолияташонро қатъро намуданд, хабар дод Саъдӣ Қодирзода раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар шарҳи қатъи фаъолияти 3 677 субъекти соҳибкорӣ гуфт, он омилҳои гуногун дорад.
Раиси кумита кӯҳна будани технология, надоштани саводнокии молиявӣ, мувофиқ набудани маҳсулот ба талаботи замонро аз омилҳои асосии қатъи фаъолият намудани суҳбъектҳои соҳибкорӣ дар кишвар хонд.
Дар маҷмуъ ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон теъдоди умумии субъектҳои соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 июли соли равон ба 338 ҳазор расидааст.
Раджаббой Ахмадзода, глава Согда встретился с узбекским предпринимателем  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Аҳмадзода ба соҳибкори ӯзбекистонӣ: Заминҳои бекорхобидаро кор фармоед
Дар ҳамин ҳол ниҳоди мазкур аз афзоиши таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ ба иқтисоди кишвар гузориш дод.
Зикр гардид, ки тайи нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон беш аз 173 млн доллар сармоягузорӣ ҷалб карда шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 50% афзоиш ёфтааст.
Таъкид шудааст, ки қисми бештари сармоягузориҳои ҷалбшуда ба Тоҷикистон маблағи бахши хусусӣ мебошад.
Аз ҳаҷми умумии сармояи ҷалбгардида ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон зиёда аз 100,6 млн доллар сармоягузории мустақим мебошад, афзуд кумита.
Лентаи хабарҳо
0