Сармоягузории мустақим ба Тоҷикистон 2 баробар афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Алексей ДаничевМужчины с портфелем в руке. Архивное фото
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Тоҷикистон ба ҳолати ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли равон 80 лоиҳаи сармоягузорӣ бо арзиши наздик ба 4 млрд доллар мавриди татбиқ қарор доранд
ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Тайи нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон беш аз 173 млн доллар сармоягузорӣ ҷалб карда шудааст, иттилоъ дод Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, маблағи сармоягузориҳо дар 6 моҳи аввали соли равон дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 50% афзоиш ёфтааст.
Таъкид шудааст, ки қисми бештари сармоягузориҳои ҷалбшуда ба Тоҷикистон маблағи бахши хусусӣ мебошад.
"Аз ҳаҷми умумии сармояи ҷалбгардида ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон зиёда аз 100,6 млн доллар сармоягузории мустақим мебошад", - изҳор дошт роҳбарияти кумита.
Раджаббой Ахмадзода, глава Согда встретился с узбекским предпринимателем  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Аҳмадзода ба соҳибкори ӯзбекистонӣ: Заминҳои бекорхобидаро кор фармоед
Саъдӣ Қодирзода маблағи сармоягузориҳои мустақими ҷалбгардида дар нимсолаи аввали соли равонро дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 баробар бештар арзёбӣ намуд.
Таъкид шуд, ки феълан дар кишвар 80 лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди амал қарор доранд, ки маблағи умумии онҳо ҳудуди 42 млрд сомонӣ ё наздик ба 4 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ ҳудуди 2,2 млрд сомонӣ аз худ карда шудаст, афзуданд масъулини Кумита.
Дар мавриди соҳаҳое, ки аз ҳама бештар сармоягузорони хориҷӣ ба он таваҷҷуҳ кардаанд, саноати куҳкорӣ ном бурда шуд. Ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба ин соҳа дар нимсола ҳудуди 89 млн доллар равона карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0