Афзоиши содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузаштан ба хазинаи аксРабота грузового контейнерного терминала
Работа грузового контейнерного терминала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Агентии содироти Тоҷикистон хабар додааст, ки содироти маҳсулоти кишвар ба хориҷ нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 1,6 миллион доллар бештар аст
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ин Агентӣ, натиҷаҳои самарабахш ва самаранок истифоа намудани имкониятҳои мавҷуда ба он мусоидат намуданд, ки дар нимсолаи аввали соли равон аз дохили ҷумҳурӣ ба маблағи 1215,2 миллион доллар маҳсулоти ватанӣ содирот гардидааст.
Ин ниҳоди давлатӣ хабар додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 миллион доллар ё 0,1 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки дар нимсолаи якуми соли 2022 ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ якҷо бо барқ 1180,3 миллион долларро ташкил намуд.
  Мобильный кран готовится перемещать контейнеры на логистической станции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2022
Тоҷикистон содирот ба яке аз кишварҳои ҳамсояро афзоиш дод
Агентии содироти Тоҷикистон зикр кардааст, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҳукумати кишвар дар самти зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар маҷмӯъ 27 миллиону 727,5 ҳазор долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 миллиону 570,5 ҳазор доллар ё 28,1 дарсад зиёд мебошад.
“Аз рӯи ҳаҷм бошад содироти маҳсулоти кишоварзӣ 115,2 ҳазор тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,7 ҳазор тонна ё 8,2 дарсад зиёд мебошад”, - иттилоъ додааст Агентӣ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ, сабзавот 75,6 ҳазор тонна ё 65,6 фоиз, меваи хушк 18,9 ҳазор тонна ё 16,4 фоиз, меваҷот 15,3 ҳазор тонна ё 13,3 фоиз ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ 54 ҳазор тонна ё 4,7 фоизро ташкил дод.
Лентаи хабарҳо
0