Кӣ рост мегӯяд: Вазорати кишоварзӣ ё Агентии содирот?

© Sputnik / Амир ИсаевТорговля на рынке Истарвашана
Торговля на рынке Истарвашана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Эксклюзив
Раиси Агентии содироти Тоҷикистон мегӯяд, болоравии қимати пиёз ба содирот рабте надорад, дар ҳоле ки иддае аз мақомот чунин як вазъро ба содирот рабт медоданд
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Қаблан Вазорати кишварзии Тоҷикистон гуфта буд, далели болоравии нархи пиёз афзоиши содирот аст.
Шавкат Бобозода, раиси Агентии содироти Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, содироти пиёз дар қиёс бо нимсолаи аввали соли гузашта 18 ҳазор тон кам буд.
“Содирот зиёд нашудааст. Аммо сабаби асосии қимат шудани пиёз пеш аз ҳама номусоидии обу ҳаво аст. Моҳи май, ҳатто июн боришот буд. Ҳосиле, ки аз ҳисоби гармӣ мешуд, ба даст наомад. Пиёзи барвақтӣ дертар пухт. Нарх, ки боло рафт, пиёзро тар канданд ва табиист, ки ҳосил ҳам кам мешавад”, гуфт Шавкат Бобозода..
Қаблан Ҷаббор Носирзода, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон гуфта буд, ки дар нимсолаи аввали соли 2022 Тоҷикистон 113,6 ҳазор тон ва ба маблағи 26, 2 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 6,9% зиёд аст.
Репчатый лук - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2022
Содироти пиёз манъ шуд: ҳадаф пешгирӣ аз болоравии нарх дар бозорҳои дохилӣ аст
Бино ба иттилои Агентии содирот, соли равон 65 ҳазору 881,1 тон пиёз содир шудааст, ки дар қиёс бо давраи мушобеҳи соли гузашта (83 ҳазору 933,5) 18 ҳазору 052,4 тон ё 22,5% кам аст.
Аммо аз ҳисоби маблағ Тоҷикистон аз ҳисоби пиёз даромади бештар гирифтааст. Агар дар ҳамин давра соли гузашта ба маблағи 4 миллину 736 ҳазору 490 доллар пиёз фурӯхта бошад, имсол ин рақам ба 6 миллиону 617 ҳазору 363 доллар, ё 36% зиёд баробар шудааст.
Раиси Агентии содироти Тоҷикистон гуфт, бартарии Тоҷикистон дар ин аст, ки меваву сабзавоташ дар қиёс бо кишварҳои дигари бозигари бозор барвақттар пухта мерасад.
“Мо асосан меваву сабзавоти барвақтӣ содир мекунем. Масалан, вақте дар Тоҷикистон пиёз мепазад, дар ягон ҷои дунё пиёзи содиротӣ нест. Пас аз 20 – 25 рӯз дар Ӯзбекистон ва 40 – 45 рӯз дар Мисри Араб пиёз барои содирот омода мешавад. Ҳамчунин, гелосу тарбуз ва дигар маҳсулоти кишоварзии барвақтӣ дар айни гармии бозор содир мешаванд”, - гуфт Шавкат Бобозода.
Сухофрукты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2022
Аз гелос то зардолую пиёз: содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Суғд ба Русия 50% афзуд
Тоҷикистон солҳои ахир дар содироти маҳсулоти кишварзӣ, ки асосан ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ сурат мегирад, пешравиҳои чашмрас дорад. Агар панҷ соли пеш ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ҳудуди 4 миллион доллар буд, ҳоло фақат дар ним соли гузашта ҳудуди 27,8 миллион долларро ташкил медиҳад, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта (12 миллион доллар), ё 128, 1% зиёд аст.
Аз ҷумла сабзавот аз моҳи январ ба июни соли равон ба маблағи 7, 6 миллион доллар содир шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2021 (4, 9 миллион) ё 56,5% зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0