Намояндагони Маркази ҳамлу нақли Екатеринбург бозори Тоҷикистонро меомӯзанд

Фуры на трассе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Намояндагони Маркази навтаъсиси ҳамлу нақл дар Екатеринбурги Русия ба наздикӣ барои омӯхтани бозори истеъмолии Тоҷикистон ба Душанбе меоянд
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Шавкат Бобозода, мудири Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ин маркази ҳамлу нақлӣ дар ояндаи наздик дар шаҳри Екатеринбург таъсис мешавад.
Вай гуфт дар моҳи августи соли равон намояндагони ин марказ ба Душанбе меоянд.
“Онҳо имконот ва нарх дар бозорҳои моро меомӯзанд. Ман фикр мекунам, ки мо бо онҳо забони хуб меёбем ва масъалаҳои гуногунро баррасӣ хоҳем кард”, - гуфт ҷаноби Бобозода.
Мақомдори тоҷик дар ин нишаст илова кард, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии “Иннопромм”, ки ахиран дар Екатеринбург баргузор шуд, Агентӣ ҳафт Ёддошти тафоҳуми ҳакорӣ ба имзо расонидааст.
Глава Агентства по экспорту Таджикистана Шавкат Бобозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2022
Тоҷикистон ба бозори хориҷӣ маҳсулоти нав содирот кард
Мудири Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон илова кард, ки соҳибкорони тоҷик ният доранд ба Екатеринбург меваю сабзавот содир намоянд.
Шавкат Бобозода дар ин нишаст аз 10 маҳсули кишоварзие ёдовар шуд, ки дар маҷмуъ 90 дарсади маҳсулоти содиротии кишоварзиро дар бар мегирад.
Вай гуфт, аз Тоҷикистон ба хориҷ пиёз, меваи хушк, сабзӣ, олӯ, ангур, зардолӯ, карам чормағзи заминӣ, тухм ва лимон содир мешавад.
Лентаи хабарҳо
0